Тафтиши беш аз 1200 муҳоҷир дар Маскав дар як лаҳза

Мақомоти қудратӣ ва интизомии Русия дар шаҳри Маскав бо баҳонаи ошкор кардани қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират рейдҳои густарда гузарониданд.

Дар яке аз ин рейдҳо, ки 2-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор шуд, кормандони Кумитаи тафтишотӣ, ВКД, ФСБ ва Росгвардия дар як хостел беш аз 1200 нафарро тафтиш ва 60 шаҳрванди хориҷиро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштанд, ошкор кардаанд.

Инчунин 19 нафареро, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт карда будаанд, ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Дар як наворе, ки ҷараёни ин рейд сабт шуда ва дар шабакаҳо нашр шудааст, дида мешавад, ки ҳама муҳоҷиронро дар беруни хобгоҳ ҷамъ карда, кормандони мақомот дар баробари ҳуҷҷат аз онҳо сатҳи донистани забони русияшонро месанҷанд ва ҳар нафаре, ки русиро намедонад ба автобусҳо савор мекунанд.

Худи ҳамон рӯз мақомоти рус дар як бинои бисёрошёнаи дигар дар кӯчаи Наро-Фоминскаяи Маскав низ рейд гузаронида, 300 муҳоҷири дигарро дастгир кардаанд ва онҳоро барои риояи қонунҳои муҳоҷират ва эҳтимоли алоқамандӣ ба ҷиноятҳо месанҷанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар ин бино хостел ҷойгир буда, он ба оилаи Радики 17-сола, ки дар марги футболбози 20-солаи дастаи “Русская община Щёлково” Арсений Ерошевич гумонбар мебошад, таалуқ доштааст. Арсенийи 20-сола миёнаҳои моҳи август дар натиҷаи як занозании гурӯҳӣ, ки дар он муҳоҷирон низ ширкат доштаанд, дар бемористон бистарӣ шуда буд. Агарчи гумонбар Радик ҳамроҳи оилааш ба Исроил фирор кардааст, мақомоти рус 3 нафари дигар аз иштирокчиёни ин занозаниро боздошт кард.

Гуфта мешавад, рӯзи 3-уми сентябри соли ҷорӣ, амалиётҳои монанд дар Шёлково дар хостели “Шёлковый путь” ва чойхонаи “Самарқанд” низ, ки ба падари Радик тааллуқ доранд, гузаронида шудааст. Дар ин рейдҳо нерӯҳои ОМОН иштирок карда, шумораи зиёди хориҷиёнро аз биноҳо берун баровардаанд. Тақдири ин муҳоҷирон то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, рейдҳои монанд дар дигар минтақаҳои Русия низ идома дорад.

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбарони асосияш муҳоҷирони тоҷик мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо рейд гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ба гуфтаи худи муҳоҷирон, мақомоти интизомии Русия асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд ва ё муҳоҷирони бешаҳрвандиро иҷборӣ ба ҷанг мебаранд.

Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Бо вуҷуди норасоии қувваи корӣ дар Русия, ки мақомот ва коршиносон аз нарасидани 2-2,2 миллион корманд мегӯянд, шумори ихроҷи муҳоҷирон низ аз ин кишвар бештар шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳар гоҳ дар дохили Русия мушкилоте пайдо шавад, мақомот фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд меоранд, то таваҷҷуҳи шаҳрвандонро аз мушкилоти асосӣ дигар тараф равона кунанд ва маҳз ҳодисаи “Крокус” ба мақомот ин имконро фароҳам овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.