Нархи об дар Душанбе 300% гарон шуд

Аз 1-уми сентябри соли 2025, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, нархи оби нӯшиданӣ ва хидматрасонии корезӣ ба таври назаррас боло бурда шуд.

Қарори мазкур, ки аз ҷониби КВД “Обу корези Душанбе” нашр гардид, вокуниши васеи сокинонро ба бор овардааст.

Ба иттилои расмӣ, барои аҳолие, ки бо ҳисобкунак истифода мебаранд, нархи об барои ҳар як метри мукааб аз 2,26 сомонӣ ба 2,60 сомонӣ расид. Аммо барои онҳое, ки бе ҳисобкунак об мегиранд, пардохт якбора тақрибан то 300% афзоиш ёфтааст. Масалан, сокинони биноҳои баландошёна ҳоло 28,07 сомонӣ месупоранд, дар ҳоле ки қаблан 10,61 сомонӣ мепардохтанд.

Сокинон ва истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин болоравии шадиди нарх изҳори норозигӣ кардаанд. Як корбар ҳисобу китоб карда менависад: 

“Ман дар як сол барои 4 нафар пардохт мекардам, ҳарчанд тибқи санадҳо дар хонаи мо 3 нафар сабт шудаанд. Пештар 400 сомонӣ месупоридам. Ҳоло ҳисоб кардам, ки барои як нафар 337 сомонӣ мешавад ва барои 4 нафар дар як сол — 1347 сомонӣ. Оё ин одилона аст? Вой бар ҳоли он оилаҳое, ки беш аз 10 нафар дар як хона зиндагӣ мекунанд.”

Корбари дигаре гарон шудани қимати обу корезиро “беинсофӣ” гуфта, менависад:

“Беинсофӣ — 300%! Дар ин хонаҳои бисёрошёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, ҷойи насби ҳисобкунаки об вуҷуд надошт ва ҳоло ҳам насб кардани он имконнопазир аст.” Ин корбар мегӯяд, бархе сокинон, ки нафақахӯранду пули нафақаи онҳо аз 500 сомонӣ бештар нест, онҳо чӣ кор кунанд?!  

Бархе дигар бо нигаронӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон дар қиёс ба аксар кишварҳои минтақа кишвари дорои оби фаровон аст, ба ҷои он ки об арзон бошад, баракс аз ҳама гаронтар шудааст.

Ба назари огоҳон, дар аксари кишварҳои дунё, маҳсулоте, ки захираи фаровон дорад, мисли нафт, газ ё маъдан, одатан барои мардум бо нархи арзон пешниҳод мешавад. Вале, дар Тоҷикистон, баръакс, бо вуҷуди он ки оби нӯшиданӣ яке аз захираҳои бойи табиӣ маҳсуб меёбад, сокинон маҷбуранд онро бо нархи гарон харидорӣ кунанд.  

Ҳамзамон, дар гӯшаҳои зиёди кишвар мардум ҳанӯз ҳам аз мушкили беобӣ ва камбуди дастрасӣ ба оби тоза ранҷ мебаранд. Ҳолате, ки боз ҳам суоли ҷиддӣ дар бораи одилона ва дастрас будани хидматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистонро ба миён меорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.