Бар асоси маълумоти расмӣ, мақомоти Тоҷикистон дар давоми 34 соли истиқлоли худ, 3,7 миллион ҷойҳои кории нав ташкил кардааст.
Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мегӯяд, бо ташкили ин миқдор ҷойҳои нави корӣ зиёда аз 1,1 миллион шаҳрвандони бекор ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ин мақомдори тоҷик мегӯяд, дар ин муддат зиёда аз 500 ҳазор шаҳрванд ба омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии ройгон фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон заминаи ҳуқуқиву меъёрии соҳаҳои марбут ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ такмил ёфта, самтҳои ҳунармандӣ низ рушди назаррас доштааст.
Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои шуғл”, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияҳои Данғара ва Восеъ шаш маркази муҷаҳҳази таълимӣ ба истифода дода шудаанд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд.
Хонум Солеҳа илова кард, ки Тоҷикистон дар роҳандозии низоми рақамӣ дар бозори меҳнат низ қадамҳои муҳим гузоштааст. Барномаи “Низоми ягонаи иттилооти миллии бозори меҳнат (ЕТИС)” ҷорӣ шуда, Агентии меҳнату шуғл бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандони кишвар аз камбуди ҷойи кор дар кишвар шикоят мекунанд ва қриб аз нисф зиёди қувваи кории Тоҷикистон по ба муҳоҷират гузоштааст.
Мувофиқи оморҳои ғайрирасмӣ, беш аз ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан дар Русия қарор доранд. Бисёре аз онҳо дар шароити сангин, бо ҳуқуқҳои поймолшуда, бе амнияти иҷтимоӣ ва дар хавфи ихроҷ зиндагӣ ва кор мекунанд.