Мақомоти зиндонҳо ба рӯзноманигор ва зиндонии сиёсӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки талхааш пусидаасту ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, иҷозаи ҷарроҳиро надодаанд.
Радиои Озодӣ дар истинод ба пайвандони Пирмуҳаммадзода менависад, ки вазъи саломатии ин рӯзноманигор дар маҳбаси низомаш сахт (критий)-и Душанбе бениҳоят бад шудаву ҳатто чанд рӯз беҳушу беёд будааст ва баъдан ӯро ба бемористони зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.
Гуфта мешавад, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пештар дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд ва пайвандонаш гуфта буданд, ки 6 моҳ боз ӯро надидаанд.
Ба гуфтаи онҳо аз моҳи март ба ин сӯ аз аҳволаш хабар надоштанду дар зиндони Хуҷанд ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Аммо ҳоло наздиконаш мегӯянд, ки ӯ 6 моҳ дар ҳуҷраи ҷаримавӣ (ШИЗО) будааст ва пас аз 6 моҳ ба маҳбаси “критий” интиқол дода шудааст.
То ҳол мақомоти зиндонҳо сабаби интиқоли ӯро ба “ШИЗО” ва баъдан ба маҳбаси “критий” шарҳ надодаанд.
Яке аз пайвандони ин зиндонии сиёсӣ гуфтааст, ки чанд рӯз пеш аз як рақам ба онҳо занг зада гуфтаанд, ки Пирмуҳаммадзода дар маҳбаси Ваҳдат бемор аст. Пас аз ин ду хоҳарашу бародараш рафта бо ӯ мулоқот карданд. Ба гуфтаи онҳо ҳолаташ бениҳоят вазнин ва банди дастонаш зард шудаву худаш хеле лоғар шудааст.
Инчунин онҳо духтурҳоре барои муоина бурдаанд ва маълум шудааст, ки талхаи Пирмуҳаммадзода пусидаву дарди гурдаҳояш ба шиддат авҷ мегиранд ва бояд ӯро бурда дар яке аз беморхонаҳо ҷарроҳии лазерӣ кунанд. Аммо дар зиндон гуфтаанд, ки ӯ дар маҳбаси “критий” ҳасту иҷозат нест.
Наздиконаш гуфтаанд, ки ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Мансурҷон Умаров муроҷиат хоҳанд кард, то иҷозаи интиқол ба бемористонро диҳад ва агар иҷозат надиҳанд намедонанд вазъи ӯ чӣ мешавад. Худи Абдусаттор ҳам дар зиндон розӣ нашудааст, ки ӯро бо буриш ҷарроҳӣ кунанд.
Хабари вазъи вахими Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳадди ақал 5 маҳбуси сиёсӣ бо сабаби беморӣ ва нарасондани кумаки тиббии саривақтӣ дар зиндоҳи кишвар фавтидаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар пайи саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон, ки беш аз 10 рӯзноманигор боздошту зиндонӣ шуданд, соли 2022 дастгир ва бо иттиҳомоти сохтаи узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Пирмуҳаммадзода аз дохили зиндон борҳо аз шиканҷа дар рафти тафтишот ва вазъи бади зиндоҳои кишвар шикоят карда буд.
Созмонҳои ҳуқуқӣ ин зиндонии сиёсӣ ва дигар рӯзноманигорони боздоштшударо бегуноҳ медонанд ва раҳоии беқайду шарти онҳоро талаб карда буданд. Аммо режими имрӯзаи Тоҷикистон талаби созмонҳоро нодида гирифта, баръакс ба саркӯби дигарандешон дар кишвар ҳамоно идома медиҳад.