4.9 C
Dushanbe

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.

Озодшавии рӯзномагорону сиёсатмадорон ва фаъолону ҳомиёни ҳуқуқи Беларус натиҷаи гуфтушунид дар Минск, ки 11-уми сентябри соли ҷорӣ миёни раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва ҳайати амрикоӣ бо роҳбарии ҳуқуқшинос Ҷон Коул баргузор гардид, мебошад.

Дар ин дидор Ҷон Коул ба Лукашенко номаи шахсии Доналд Трампро, ки зераш имзои “Donald” гузошта шуда буд ва туҳфаи рамзии “запонки”-ро бо тасвири Кохи Сафед тақдим кард. 

Дар пайи озод намудани маҳбусони сиёсӣ Иёлоти Муттаҳида аз сабуксозии қисмани таҳримҳо алайҳи ширкати миллии ҳавопаймоии “Belavia” хабар дод. Ҳамакнун ба ин ширкат дубора иҷозати хидматрасонии техникӣ ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ дода мешавад.

Илова бар ин, Вашингтон изҳор дошт, ки мехоҳад муносибатҳои пурраи дипломатиро барқарор кунад ва сафорати худро дар Минск боз кунад. 

Аксари озодшудагон ҳамроҳии ҳайати амрикоӣ дар ду автобус марзи Беларусро убур карда, ба Литва рафтанд. Онҳоро дар Литва наздикону пайвандонашон ва Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус пешвоз гирифтанд.

Аммо Николай Статкевичи 69-сола, яке аз чеҳраҳои асосии мухолифин ва номзад ба президентии Беларус дар соли 2010, тасмим гирифтааст сарҳади Литваро убур накунаду ба ин гурӯҳ ҳамроҳ нашавад ва дар дохили кишвар бимонад. 

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти Беларус 14 маҳбуси сиёсиро озод карда буданд. Дар байни рӯзноманигорону фаъолони озодшуда, ҳамсари Светлана Тихановская ва сиёсатмадори мухолиф Сергей Тихановский, ки соли 2020 боздошт шуда буд ва чанд шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷопон, Лаҳистон, Латвия, Эстония, Шветсия ва ИМА ҳам буданд. Озодшавии онҳо низ дар пайи мулоқоти намояндагони амрикоӣ таҳти раҳбарии фиристодаи махсуси ИМА Кит Келлогг бо мақомоти Беларус дар Минск сурат гирифт. 

Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин озодкуниҳо ба иттилои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ то ҳол дар зиндонҳои Беларус беш аз 1100 маҳбуси сиёсӣ боқӣ мондаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вуруд ба Русия — танҳо бо суғурта!

Вакили рус пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирони корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ҳатмӣ карда шавад.

Сармоягузориҳои ҳангуфти бонкҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Қарор аст Бонки рушди осиёӣ ва Бонки рушди исломӣ боз садҳо миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Эрон раҳбари нави худро муаррифӣ кард. Ӯ кист?

Маҷлиси хубрагони раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон шоми рӯзи якшанбе, 8-уми марти соли ҷорӣ раҳбари кулли Эронро интихоб кард.

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.