29.9 C
Dushanbe

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Шаҳрвнадон мегӯянд, аз баски дар ин масир роҳи алтернативӣ вуҷуд надорад, ҳангоми рух додани садама ё дар фасли зимистон фаромадани тарма роҳ баста мешавад ва мардум дар васати роҳ мемонанд ва ин яке аз мушкилоти ҷиддии ин роҳ аст, ки солҳост ҳалли худро наёфтааст.

Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), ки роҳи пулакии Душанбе–Чаноқро идора мекунад, дар посух ба шикояти шаҳрвандон дар бораи зарурати сохтани роҳи алтернативӣ дар ин масир гуфтааст: “Дар асл ҳеҷ роҳ бепул нест — нигоҳдорӣ ва таъмири ҳар роҳ маблағ мехоҳад. Ҷорӣ кардани низоми пулакӣ ба хотири сарфа кардани маблағҳои давлатӣ ва истифодаи онҳо барои самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарзҳо ва рушди иқтисодӣ роҳандозӣ шудааст.”

IRS мефаҳмонад, ки сохтани роҳи дигар дар ин масир қариб ғайриимкон аст, зеро роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаҳои кӯҳистонии душворгузар мегузарад. Бунёди чунин роҳ на танҳо хароҷоти бузург талаб мекунад, балки нигоҳдории он низ хеле гарон мешавад.

Ширкат таъкид мекунад, ки агар роҳ пулакӣ намешуд, бо мурури вақт сифати он поён мерафт. “Ҳоло бошад, дар давоми 16 соли фаъолияти IRS роҳи Душанбе–Чаноқ аз роҳҳои нисбатан беҳтар нигоҳдоришудаи кишвар боқӣ мондааст.”

Бояд зикр кард, ки соли 2019 вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода фаъолияти ширкати IRS-ро сахт танқид карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ширкат ба ҳукумат ҳисобот намедиҳад, нигоҳдории роҳҳоро нодида мегирад ва сабаби танбашавии чандсоата дар роҳи Душанбе–Хуҷанд мешавад.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери посухи ширкати IRS ибрози назар кардаанд.

Аз ҷумла, як корбар менависад: “Дар Испания яке аз роҳҳои асосиро ба тариқи шартнома ба як ширкат дода буданд. Вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, ҳазорҳо километр роҳро бепул карданд. Ширкати IRS низ барои чанд сол шартнома дошта. Савол ин аст, ки кай муҳлати шартнома ба охир мерасад?.. Дар масъалаи роҳи алтернативӣ, бояд роҳи пешина боқӣ мемонд ва IRS худ бояд роҳи нав месохт. Ҳар як мошин ҳам ҳар сол андоз месупорад, ки андоз дар кишвари мо кам нест, баръакс аз бисёр давлатҳо зиёдтар аст.”

Корбари дигар ҳисоб карда менависад: “Як сафар бо камтарин ҳаққи сафар то Хуҷанд 69 сомонӣ аст. Агар ҳисоб кунем: 69 сомонӣ × 500 мошин × 30 рӯз × 12 моҳ = 12 420 000 сомонӣ дар як сол. Ва ин ҳам бо чунин аҳволи нақби Варзоб!”

Ҳамчунин корбари дигаре арзиши роҳро хеле гарон арзёбӣ карда навиштааст: “Роҳи пулакӣ боке не, лекин арзиши роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд хеле ва хеле гарон аст!!!”

Дар баробари ин, баъзе корбарони дигар аз пулакӣ будани роҳҳо ва сифати нигоҳдории онҳо ибрози розигӣ карда, гуфтаанд, ки бо вуҷуди нархи баланд, роҳ нисбатан беҳтар хидматрасонӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ширкати IRS, ки гуфта мешавад, ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, аз соли 2010 масъулияти нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқро бар уҳда дорад. Ва ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо даҳҳо садама ва марги шаҳрвандон сабт мешавад. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди маблағи зиёд гирифтани соҳибони ин ширкат аз мошинҳо, роҳро мутобиқи шароити кӯҳӣ, ки ҳамеша эҳтимоли боридани барфи зиёду фаромадани тарма вуҷуд дорад, намесозанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.