Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.
Кумитаи мазкур дар поёни таҳқиқоташ гузоришеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: “Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад”. Ин ниҳод афзуда, ки Исроил аз 7-уми октябри соли 2023 “бо ҳадфи аз байн бурдани фаластиниён” ба ҷурми “наслкушӣ дар Ғазза” муртакиб шудааст.
Гузоришгарони СММ ҳамзамон таъкид мекунанд, ки дар раванди наслкушӣ дар Ғазза мақомоти баландпояи Исроил, аз ҷумла нахуствазири он Бинёмин Натанёҳу, президендт Исҳоқ Ҳертсог ва собиқ вазири дифоъ Ёаф Галанд даст доранд.
Кумитаи мазкур дар гузоришаш, ки дар ҳаҷми 72 саҳфа омада шудааст, мисолҳои зиёде аз ҳаҷми қатлу куштор, монеа шудан ба воридоти кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, қасдан аз байн бурдани хонаҳои истиқоматӣ, тахриби зерсохторҳои муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ ва кӯчонданҳои иҷбории сокинон мисолҳои зинда овардааст.
Гузоришгарон ҳамчунин мусоҳибаҳои махсус бо ҷабрдидагон, табибон ва сокинони маҳаллиро ҳамчун далел дар таҳқиқоти худ истифода кардаанд.
Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии СММ ҳамчунин дар гузоришаш таъкид мекунад, ки изҳороти Натанёҳу ва дигар мақомоти исроилӣ далели ошкор “бар қасд доштан барои наслкушӣ” дар Ғазза аст. Ин Кумита ба як номаи ҳукумати Исроил, ки моҳи ноябри соли 2023 ба сарбозонаш дар Ғазза фиристода буд, ишора мекунад. Ба гуфтаи Кумитаи СММ, дар ин нома ба сарбозон, амалиёти Ғаззаро ба “ҷанги муқаддас барои ҳамаро нобуд кардан” дар замони қадим ташбеҳ кардааст. Ин ниҳод истифода чунин алфозро далели ошкори қасди “наслкушӣ” арзёбӣ кардааст.
Нави Пиллэй, раиси Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии СММ рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, ки “Ба хулоса омадем, ки дар Ғазза наслкушӣ сурат мегирад ва ҳоло ҳам идома дорад ва масъулияти ин ҷиноят ба дӯши давлати Исроил аст”.
Дар аҳмин ҳол сафири Исроил дар СММ Дониёл Мерун ба ин гузориш вокуниш карда, онро “дурӯғ” шуморида, гуфтааст, ки “ин гузоришро вакилони дифои ҲАМОС омада кардаанд”.
Исроил Кумитаи таҳқиқоти байналмилалиро ба он муттаҳам карда, ки сиёсиёне дар он ҳастанд, ки бар зидди исроил кор мебаранд ва афзуда, ки бо ин кумита ҳамкорӣ намекунад.