14.9 C
Dushanbe

Трамп: Ба Исроил иҷозат намедиҳам Соҳили ғарбии рӯди Урдунро ғасб кунад

Президенти ИМА Доналд Трамп эълом кард, ки ғасби эҳтимолии қаламравҳои Фаластинро дар соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун аз ҷониби Исроил дастгирӣ намекунад. Ӯ дар ин бора 25-уми сентябр зимни нишасти матбуотие дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт.

Трамп дар ин нишаст гуфта, ки “Ман ба Исроил иҷозат намедиҳам соҳилҳои ғарбиро ғасб кунад. Не, ман инро иҷозат намедиҳам. Ин рух намедиҳад”.

Инчунин ӯ дар посух ба савол дар мавриди он ки оё дар ин бора бо нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу тавассути телефон баррасӣ кардааст ё на, гуфта: “Оё ман бо ӯ суҳбат кардам ё на — ман ба Исроил иҷозат намедиҳам, ки Соҳили ғарбии рӯди Урдунро ғасб кунад. Бас аст. Вақти он расидааст, ки инро қатъ кунем”.

Ин гуфтаҳои Трамп дар ҳоле садо медиҳанд, ки нахуствазири Исроил Бинёмин Натанёҳу пас аз ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби Фаронса, Британия, Канада, Австралия ва чанд кишвари урупоии дигар гуфт, ки “Ҳеҷ давлате дар Ғарби рӯди Урдун ташкил намешавад” ва изҳор дошт, ки нақша дорад деҳаҳои аҳолинишини яҳудиро аз ҳисоби соҳилҳои ғарбӣ васеъ кунад.

Пеш аз ӯ вазири ифротии исроилӣ Смотрич ҳам ба ғасби пурраи соҳилҳои ғарбӣ даъват карда буд ва гуфт, ки Исроил аллакай 82% ин қаламравҳоро назорат мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ин қаламравҳоро ишғолшуда меҳисобад.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфта, ки умедвор аст ба зудӣ оташбас дар Навори Ғазза таъмин шавад ё ҳатто созишномаи сулҳи дарозмуддат имзо гардад.

Намояндаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф низ ба расонаҳо дар бораи «нақшаи 21 бандӣ» барои коҳиш додани таниш дар Ховари Миёна гуфтааст, ки он на танҳо Навори Ғаззаро, балки қаламравҳо дар Соҳили ғарбии рӯди Урдунро низ дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, Трамп ин нақшаи сулҳро ба ҷуз Исроил аллакай бо Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Миср, Урдун, Туркия, Индонезия ва Покистон муҳокима кардааст.

Манобеи нашрияи Financial Times мегӯяд, ки дар он аз озодии тамоми гаравгонҳои боқимонда ва барқарории оташбаси доимӣ гуфта шуда, пешниҳод гардидааст, ки қувваҳои Исроил аз минтақа марҳила ба марҳила, вале ба таври пурра бароварда шаванд ва ба ҷои онҳо дар навори Ғазза “нерӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ”, ки иборат аз кишварҳои мусалмонӣ мебошанд, ҷойгир шаванд.

Ҳамчунин дар ин нақша гуфта шудааст, ки идоракунии Ғазза, бидуни ҳузури ҲАМОС ба як ниҳоди махсуси байналмилалӣ вогузор гардад, ки дар он намояндагони Маъмурияти Миллии Фаластинӣ низ иштирок хоҳанд кард ва маблағгузорӣ аз ҷониби кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, кишварҳои дар боло зикр шуда, дар баробари ин нақша чанд шартеро ба мисли иҷозаи фаврии вуриди ёриҳои гуманитарӣ ба Ғазза, қатъи ишғол ва шаҳраксозии Исроил дар Ғазза, ғасб накардани минтқаҳо дар Соҳили ғарбӣ аз ҷониби Исроил ва ғайра низ гузоштаанд.

Имрӯз, 26-уми сентябр Натанёҳу дар СММ суханронӣ кард ва 29-уми сентябр вохӯрии ӯ бо Трамп дар Кохи Сафед пешбинӣ шудааст ва назари Натанёҳу дар бораи нақша маълум хоҳад гашт.

Ёдовар мешавкем, ки пас аз моҳи октябри соли 2023 Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ (Соҳили ғарбии рӯди Урдун) шиддат бахшидааст. Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, ба сабаби бомборонҳои Исроил дар Ғазза то кунун беш аз 65 ҳазору 500 нафар кушта ва наздики 168 ҳазор нафари дигар захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тафтиши густурдаи муҳоҷирон дар яке аз корхонаҳои Новосибирск

Дар вилояти Новосибирски Русия кормандони пулис, Росгвардия ва Шуъбаи ҳарбии Кумитаи тафтиш дар яке аз корхонҳо дар деҳаи Крупская рейд гузарониданд.

Ҳар рӯз 100 сомонӣ. Шикояти ронандагон аз ширкатҳои таксӣ дар Душанбе

Агар таксӣ кор мекунӣ бояд аз меъёр зиёд кор кунӣ, то тавонӣ ҳам пули иҷро ва ҳам ҳаққи соҳибони ширкати таксиро пайдо кунӣ.

Истеҳсоли гӯшт зиёд шудааст, вале чаро нарх ҳамоно гарон аст?

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон нисбат ба шароити иқтисодии аҳолӣ хеле гарон маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли гӯшт, нархҳо дар бозорҳо арзон намешаванд.

Додхоҳӣ! Пуламро гирифтанд худамро зада маъюб карданд

Як сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз он шикоят дорад, ки Холиқов Комил, соҳибкор ва сокини ҳамин шаҳр 980 ҳазор сомонияшро гирифта, то ҳол барнагрдондааст.