22.9 C
Dushanbe

Толибон пурра интернетро қатъ карданд

Дар тамоми Афғонистон интернет ва алоқаи мобилиро Толибон пурра қатъ карданд.

Бино ба иттилои “NetBlocks”, ки амнияти киберӣ ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон карда, ки шоми 29-уми сентябр сатҳи пайвастшавии Афғонистон ба алоқаи мобилӣ ва интернет қариб ба сифр расида, ҳам интернети ноқилӣ ва ҳам шабакаҳои мобилии 3G/4G ғайрифаъол шудаву миллионҳо нафар аз дастрасӣ ба иртиботи дохилӣ ва байналмилалӣ маҳрум шуданд.

Гуфта мешавад, ки қатъи интернет ба бахшҳои гуногуни ин кишвар осеб расонда, дар Кобул парвозҳо дар фурӯдгоҳи байналмилалӣ бекор шуда, Афғонистон пурра дучори мушкили хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, мушкилот дар кори гумрук, қатъи пахши бархе шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардум шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, ки ба сабаби қатъи интернет дар Афғонистон 30-уми сентябр панҷ парвоз аз хориҷ ба Афғонистон, аз ҷумла се парвоз аз Дубай, ду парвоз аз Истанбул ва як парвози дигар аз Маскав ба Кобул лағв шуда, мусофирон саргардон шудаанд.

Сокинон вазъиятро фалокатбор номида, гуфтаанд, ки “бидуни интернет ва телефон нобино ҳастем”.

Зарбаи сахт бештар ба занону духтарон расидааст, ки аз дастрасӣ ба таҳсил маҳрум ва машғули курсҳои онлайнӣ буданд.

Гуфта мешавад, то ҳол Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, расман бе алоқаи мобилӣ ва интернет гузоштани аҳолиро шарҳ надодаанд ва маълум нест кай интернет дубора барқарор мешавад.

Аммо дар миёнаҳои моҳи сентябр бо қарори раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода ва бо баҳонаи “ҳифзи арзишҳои исломӣ ва ахлоқӣ” дар Балх, Бадахшон, Қундуз, Балғон ва Нангарҳор интернетро қатъ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон аз тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон дар даст дорад ва дар ин давра ин гурӯҳ чандин маҳдудиятҳоро барои аҳолии ин кишвар, махсусан занону духтарон дар таҳсилу кор ҷорӣ карданд, ки боиси вокуниши тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ва ба сабаби ин рафторҳо, ҳукумати Толибонро бо гузашти беш аз 4 сол, ба ҷуз Русия, ҳеч давлате расман эътироф накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷиронро бо полиграф санҷанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши ҳатмӣ бо полиграф ё детектори дурӯғ гузаронида шаванд.

Дипломатҳои афғон дар шаҳри Бони Олмон дастаҷамъона исеъфо доданд

29-уми сентябр соли 2025 кормандони консулгарии умумии Афғонистон дар шаҳри Бони Олмон фаъолияти худро қатъ намуда, ба нишони эътироз дастаҷамъона истеъфо доданд.

Оё тарҳи оташбаси Трамп ба Ғазза сулҳ меорад?

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе тарҳи ҷадидеро барои оташбас ва поён додани ҷанг дар Ғазза пешниҳод кард.

Беш аз 10 созмон озодии Бузургмеҳр Ёровро талаб карданд

Дувоздаҳ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаврии маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро, ки даҳ сол боз дар зиндон қарор дорад, талаб карданд.