17.9 C
Dushanbe

Як модари тоҷик дар Русия маҳкум ба зиндон шуд

Як модари тоҷик дар шаҳри Митишии вилояти Маскав бо иттиҳоми қаллобӣ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Русия модари серфарзанд Таҳмина Самадоваро, ки шаҳрвандии ин кишварро дорад ба додани маълумоти нодуруст дар бораи даромади оила ва чанд маротиба камтар нишон додани он барои мақоми камбизоатӣ гирифтан, гунаҳкор донистааст.

Додгоҳ бо ин иттиҳом ба Самадова чор соли маҳрумият аз озодӣ таъйин кардааст, вале иҷрои ҳукмро ба муҳлати 18 сол мавқуф гузошт, яъне то ба балоғат расидани писари хурдиаш.

Назари худи ин модари тоҷик то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба Таҳмина Самадова шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дертар Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав Таҳмина Самадоваро, ки 14 сол аст шаҳрвандии ин кишварро дорад, бо иттиҳоми қаллобӣ, боздошт кард ва ин модари ҳафт фарзанд барои ҳомила буданаш то поёни баррасии парванда дар ҳабси хонагӣ қарор дошт.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Пас аз ин ҳодиса расонаҳо аз боздошти муовини раиси шаҳри Митиши хабар дод.

Ин мақомдори рус ба нодуруст санҷидани даромад ва аъзои оилаи зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадова айбдор шуда буд.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки муовини шаҳрдор сардори комиссияе буда, ки Таҳмина Самадова ва шавҳару фарзандонашро ҳамчун хонаводаи камбизоат эътироф карда, сертификати хонаро додааст.

Нисбати ин мақомдори рус бо иттиҳоми хунукназарӣ (моддаи 293-и Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ҳол тақдираш норушан боқӣ мондааст.

Дар чанд моҳи охир ҳадди ақал се маротиба тақдими хона ба зодаҳои Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез гашта буд.

Додани хона ба оилаи зодаи Тоҷикистон Акрам Масаидов, ки чор фарзанд дорад ва дорои шаҳрвандии Русия аст, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов ва додани хона ба Муҳиддин Холзода ва хонаводааш аз тарафи шаҳрдории шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористон низ боиси хашси миллатгароҳои рус гашта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марги панҷ нафар дар се рӯз

Аз 27 то 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ панҷ кас ҷони худро аз даст дода, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

СПАД аз таҳдидҳои навини низомӣ нигарон аст

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) қасд доранд дар муқобили таҳдидҳо ҳангоми истифодаи силоҳҳои навин, иқдомоти дастаҷамъӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷиронро бо полиграф санҷанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки вориди ин кишвар мешаванд, аз санҷиши ҳатмӣ бо полиграф ё детектори дурӯғ гузаронида шаванд.

Толибон пурра интернетро қатъ карданд

Дар тамоми Афғонистон интернет ва алоқаи мобилиро Толибон пурра...