17.9 C
Dushanbe

Путин: Эмомалӣ Раҳмон бо автомат вориди Душанбе шуд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронияш дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” дар бораи сафари қарибулвуқуаш ба Тоҷикистон ва аз рӯйдодҳои солҳои 1990 дар ин кишвар гуфт.

Ба иддаои Путин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омада, ки Душанбе ба дасти гурӯҳҳои исломгаро афтода буд.

“Баъди ғасби ҳокимият аз ҷониби исломгароёни радикалӣ, президенти амалкунандаи Тоҷикистон, ҷаноби Раҳмон, бо автомат ба пойтахти кишвараш, ба шаҳри Душанбе ворид шуд. Фаҳмидед? … Албатта, бо чунин одамон суҳбат кардан ҷолиб ва муфид аст”, — таъкид мекунад Путин.

Президенти Русия ҳамчунин қайд кард, ки дар доираи нишасти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе қасд дорад бо Раҳмон мулоқот кунад ва таъкид намуд, ки таҷрибаи чунин роҳбарон барои муколама дар фазои пасошӯравӣ муҳим аст.

Гуфта мешавад, нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия рӯзҳои 9-10-уми октябр дар Душанбе баргузор мегарданд.

Иддаои Путин дар бораи дар дасти гурӯҳҳои радикали исломӣ будани Душанбе дар ҳоле аст, ки вақте нерӯҳои мусаллаҳи “Фронти халқӣ”, ки худи Эмомалӣ Раҳмон низ узви он буд, охири соли 1992 ба Душанбе ворид шуданд, дар кишвар расман Ҳукумати муросои миллӣ амал мекард.

Ва “Фронти халқӣ” бо раҳбарии Сангак Сафаров Ҳукумати муросои миллиро сарнагун карда, Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қадрат овард ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва ин ҷанг то соли 1997 идома кард. Ҳукумати муросои миллӣ аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик, ки ҳам нерӯҳои демократӣ ва ҳам исломиро дар бар мегирифт, ташкил шуда буд.

Пештар изҳороти монанд ба Путинро президенти Белорус Александр Лукашенко низ баён карда буд. Ӯ дар суханрониҳояш гуфта буд, ки “Касе намедонад, ки чӣ гуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чӣ гуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”.

Аммо Додоҷон Атовуллоев, яке аз чеҳараҳои шинохта ва мухолифи сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа дар тамоси катбӣ ба Azda Tv гуфт, ки суханони Лукашенко ва Путин дар мавриди Раҳмон “баргирифта аз афсонаҳои худи президенти Тоҷикистон аст, ки солҳои охир гуфтааст.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, то замони зинда будани Ислом Каримов ва сари қудрат будани Назарбоев Эмомалӣ Раҳмон ҷуръати гуфтани чунин суханҳоро надошт ва акнун, ки “майдонро холӣ ёфта, дар назди Путину Лкашенко аз худ Рембо ё Спартак нишон медиҳад.

Атовуллоев дар идомаи суханонаш афзуд, ки дар Тоҷикистон ҳеч гоҳ ҳукумати исломӣ набуд. “Ба чор подшоҳ маълум аст, ки Русия ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмоновро ба танк шинонда ба Душанбе оварданд. Баъди сессияи Хуҷанд Раҳмонов дар Тирмиз менишаст ва интизор буд, ки кай аскарону афсарони Русияву Ӯзбекистон Душанберо аз мухолифон «тоза» мекунанду ӯ вориди Қасри ҳукумат мешавад!

Эмомалӣ Раҳмон дар майдони набард набуд. Аммо тамоми қатлу кушторҳо бо амри ӯ сурат гирифтаанд. Яке аз барномаҳои онҳо «то охирин кӯдаки гаҳвораи мухолифонро куштан» буд.
Ин суханонро худам шахсан аз забони Абдумаҷид Достиев дар Исломободи Покистон шунидаам. Дар яке аз давраҳои музокироти сулҳ.
“, таъкид мекунад Атовуллоев.

Аз забони раҳбарони кишварҳое чун Русия ва Белорусия садо додани ин ҷумла, ки “Раҳмон бо силоҳ вориди Душанбе шуд”, дар ҳолест, ки худи Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷанги шаҳрвандиро “ҷанги таҳмилӣ” меномид ва ҳамеша ҷониби оппозисиюнро гунаҳкор мешуморид.

Ба назири бархе коршиносон, пас аз ин гуфтаҳои алании Путину Лукашенко, метавон ин эҳтимолро дод, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ёфтани ҷанги шаҳрвнадӣ ва қатлу куштори шаҳрвандон даст дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Узбекистон: Имтиҳони муҳоҷирон дар Русия содда карда шавад

Узбекистон аз Русия хоста, ки сатҳу сабки имтиҳоноте, ки аз муҳоҷирон мегиранд, осонтар карда шавад.

Тоҷикистон сиёсаташро бо Толибон тағйир дод

Мақомоти Тоҷикистон пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон на танҳо муносибаташ бо онҳоро нарм накард, балки мухолифони онҳоро дар худ ҷой дод.

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон дар баъзе вилоятҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон давоми як рӯзи аввал 55 дарсад иҷро шудааст.

Боздошти корвони киштиҳои “Сумуд” аз ҷониби Исроил

Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар шоми 1-уми октиябр бар киштиҳои ҷаҳонии кумакрасони "Сумуд", ки ба сӯи Ғазза равон буданд, ҳамла кард.