17.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон сиёсаташро бо Толибон тағйир дод

Мақомоти Тоҷикистон пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон на танҳо муносибаташ бо онҳоро нарм накард, балки мухолифони онҳоро дар худ ҷой дод.

Дар гузориши наве шабакаи “Ал-Ҷазира” мегӯяд, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар муносибати шадидтар ва эҳтиёткоронаро бо Толибон Тоҷикистон дошт, аммо вақтҳои охир ин кишвар муносибаташ бо Афғонистонро тағйир дода, забони гуфторашро нармтар кардааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҳамсоя танҳо кишварест, ки то ҳанӯз ба таври расмӣ бо Толибон муносибати дипломатӣ надорад, вале ба таври ғайрирасмӣ муносибатҳое дар ҷараён ҳаст. Аз ҷумла, ҳузури консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз далоили муносибатҳои ғайриалании ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо Толибон аст.

Собиқ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Ваҳидуллоҳ Маҳмудӣ ба “Ал-Ҷазира” гуфта, ки Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки соли 2021 бо ҷой додани мухолифони Толибон дар худ мисли солҳои 90-уми асри гузашта рафтор кард. Ва шаҳри Душанбе давоми 3 сол – то соли 2024, мизбони мухолифони Толибон буд.

Аммо, ба гуфтаи собиқ сафир, “Тоҷикистон аз оғози соли 2025 муносибаташ бо Толибонро иваз кард ва онҳоро амалан ҳамчун ҳукумат пазируфт.” Аз ҷумла, бозгушоии 5 бозори наздимарзиро аз сиёсатҳои тағйири рафтори Эмомалӣ Раҳмон бо Толибон унвон кардааст.

Заминларзае, ки чанде пеш шаҳру вилоятҳои Афғонистонро ба шиддат ларзонд, Тоҷикистон бо ирсоли 3000 тонна маводи ғизоӣ ва кумакҳои башарӣ барои зарардидагон дар байни дигар кишварҳои ҳамсоя дар мақоми аввал истод, ки ин ҳам баёнгари тағйири рафтор дар ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон нисбати Толибон арзёбӣ мешавад.

Дар ин робита сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Ҷаъфар Саидӣ ба “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон мехоҳанд дар Афғонистон амният таъмин бошад ва ҳамсояҳо ҳеч хатареро аз онҳо эҳсос накунан ва Толибон бо ташкили ҳукумати фарогир муаррифгари тамоми қавмиятҳои ин кишвар ҳисобида шаванд.”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, амну истиқрор дар Афғонистон ба истиқрори Тоҷикистон ва минтақа таъсири бевосита дорад. Аз ин рӯ, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ин хулоса расида, ки муносибати душманона бо Толибон натиҷа намедиҳад ва маҷбур аст бо онҳо рафтори худро тағйир диҳад.

Ҳамзамон коршиноси тоҷик Ваҳидуддин Умаров дар мусоҳиба ба ин расона гуфтааст, ки “Дар ҳақиқат оҳанги хитоби Тоҷикистон бо Толибон нисбат ба солҳои аввали омадани онҳо ба сари қудрат тағйир ёфтааст. Тоҷикистон ба Толибон ҳамчун сарчашмаи таҳдиди мустақим нигоҳ мекард, вале ҳоло бо сабабҳои амниятӣ аз зурарати ҳамкорӣ сухан мегӯяд.”

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, “Баъд аз оне, ки кишварҳои аҳмсоя, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон муносибатҳои худро бо Толибон оғоз карданд, Тоҷикистон худро дар минтақа канормонда ва танҳо эҳсос кард ва ин сабаб шуд, ки сиёсатҳо ва лаҳни гуфторашро бо идоранишинони Кобул иваз кунад.”

Дар ҳамин ҳол Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон зимни суҳбаташ бо “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки қабл аз расидан ба сари қудрат дар музокироти Давҳа таъкид карда будем, ки ба ҳеч кишвари ҳамсоя аз хоки Афғонистон осеб намерасад. “Бар ин асос, кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои худро бо мо хуб роҳандозӣ кардаанд, ба ҷуз Тоҷикистон, ки то ҳанӯз муҳтотона муносибат мекунад.”, мегӯяд Муҷоҳид.

Ба иттилои коршиносон, пас аз рушди муносибатҳои Чин, Русия ва инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Толибон, Тоҷикистон дарк кард, ки дар минтақа ба танҳоӣ наметавонад қувваи мухолифи сиёсатҳои минтақа бошад ва рафтораш натиҷаи хубе нахоҳад дод. Ва ин таваҷҷуҳ назари мақомдорони тоҷикро нисбати Толибон иваз кард.

Ёдовра мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад ва пас аз омадани Толибон даҳҳо нуқтаҳои марзбонӣ ба хотири ҳимояи марз аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ ва қочоқи маводи мухаддир роҳандозӣ кард. Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо гуморидани беш аз 20 ҳазор сарбоз дар марзҳо бо Афғонистон ва гузаронидани тамринҳои низомӣ марзҳои худ бо Афғонистонро ташдид бахшид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Узбекистон: Имтиҳони муҳоҷирон дар Русия содда карда шавад

Узбекистон аз Русия хоста, ки сатҳу сабки имтиҳоноте, ки аз муҳоҷирон мегиранд, осонтар карда шавад.

Путин: Эмомалӣ Раҳмон бо автомат вориди Душанбе шуд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон солҳои 90-ум бо автомат вориди Душанбе шуд.

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон дар баъзе вилоятҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон давоми як рӯзи аввал 55 дарсад иҷро шудааст.

Боздошти корвони киштиҳои “Сумуд” аз ҷониби Исроил

Ба иттилои расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар шоми 1-уми октиябр бар киштиҳои ҷаҳонии кумакрасони "Сумуд", ки ба сӯи Ғазза равон буданд, ҳамла кард.