7.9 C
Dushanbe

Трамп: “Ҷанги Ғазза Исроилро дар дунё мунзавӣ кардааст”

Тарҳи сулҳ

29-уми сентябри соли 2025 раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп тарҳи баҳсбарангези худро барои барқарор кардани сулҳ дар Ғазза ҳамроҳи Бенямин Нетаняҳу (муттаҳам бо ҷумри ҷинояти ҷангӣ ва наслкӯшӣ аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии Лоҳа-Гаага) дар Вашенгтон муаррифӣ кард.

Нахуствазири Исроил таъкид кард, ки акнун бо иҷрои ин тарҳ ҳама талошҳои ҲАМОС, ки Исроилро дар арсаи байналмилалӣ ба инзиво кашондааст, аз байн бурда, худи ҲАМОС-ро дар олам мунзавӣ мекунанд. Бар асоси ин тарҳ, ки аз 21 банд иборат аст, ба гуфтаи Бенямин Нетаняҳу, иҷрои он метавонад ҳадафҳои асосии ҷанги Исроил дар Ғаззаро бароварда карда, ҳама гаравгонҳоро озод ва ҲАМОС-ро халъи силоҳ намояд ва аз ҳукумати он дар Ғаззаро барҳам диҳад.

Шӯрои мудирият

Трамп дар муаррифии ин тарҳи сулҳаш эълон кард, ки дар Ғазза сулҳу суботро барқарор мекунад ва барои идораи Ғазза як Шӯрои байналмилалии мудирияти Ғазза бо раҳбарии худи ӯ таъсис дода мешавад. Тони Блэр, собиқ нахуствазири Бритония ҳамчун ҳокими Ғазза дар ҳайати раҳбарони ин Шӯро амал мекунад. Баъдтар расонаҳо фош карданд, ки дар раъси раҳбарии ин Шӯро 7 нафар аст. Фаластиниҳо ҳама иҷро кунанда, ва як нафар ҳам дар ҳайати раҳбарии ин Шӯро аз Фаластин вуҷуд надорад.

Раисҷумҳури Амрико бо пешниҳоди ин тарҳ иддаъо кард, ки бо иҷрои он на танҳо ҷанги Ғаззаро ба поён мерасонад, балки ихтилофоти 3000-солаи Ховари Миёнаро низ ҳаллу фасл карда, сулҳи пойдореро барои ҳамзистии мусолиматомез бо Ирсоил дар минтақа ба армуғон меорад. Теъдоди кишварҳои узви “Созишномаи сулҳи иброҳимӣ”-ро ки Исроилро дар минтақа ба расмият шинохта, муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии худро бо он барқарор мекунанд, меафзояд. Ҳатто Эрон ҳам Исроилро ба расмият хоҳад шинохт ва ба ҷамъи аъзои созишнома хоҳад пайваст.

Таҳсину офарин

Эълони ин тарҳи сулҳи Трамп дарҳол ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд. Кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонии зиёде ба унвони раисҷумҳури Амрико таҳсину офарин хонда, барои пешниҳоди ин тарҳ ва қасди хотима додан ба ҷанг дар Ғазза аз Доналд Трамп таъриф ва тамҷид карданд.

Нақши бархе кишварҳои арабӣ ва исломӣ, ба мисли Мисру Қатар, Арабистони Саудӣ ва Урдун, Покистону Туркия ва Индонизия низ ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ки дар Амрико Доналд Трамп пеш аз эълони ин тарҳ бо онҳо мулоқот карда буд, дар таҳия ва банду басти тарҳи сулҳ ва таъсиргузорӣ ба ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ назаррас буд. Пас аз эълони ин тарҳ, раҳбарони ин кишварҳо ҷузви аввалинҳое буданд, ки бо нашри як баёния аз он истиқбол карданд.

Раҳбарони хеле аз кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо дар Шарқу Ғарб ва созмонҳои ҷаҳонӣ на танҳо ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластиниро ба пазириши он даъват карданд, балки аз кишварҳо ва созмонҳои таъсиргузор бар ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ хостанд, ки болои онҳо фишор биоранд, то ин тарҳи пешниҳодшударо бипазиранд ва зудтар мурда ва зиндаи 48 нафар асири исроилӣ дар Ғаззаро бозпас таҳвил бидиҳанд. Аммо дасти кам 30 дарсади онҳо нагуфтанд, ки Исроил ҳам бидуни қайду шарт 13 ҳазор асири фаластиниро, ки дар байни онҳо ҳудуди 1500 кӯдаки ноболиғ низ вуҷуд доранд, озод намояд.

Сулҳ таслим шудан нест

Аммо дар вокуниш ба ин тарҳи сулҳ Моҳаммад Ишоқ Дар (Mohammad Ishaq Dar) вазири корҳои хориҷии Покистон гуфт, ин тарҳ на он тарҳест, ки Доналд Трамп дар ҷамъи вазирони корҳои хориҷӣ ба раҳбарони кишварҳои исломӣ, ба мисли Покистону Туркия, Мисру Урдун, Арбастони Саудӣ ва Индонезия дар ҳошияи нишастҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар ИМА муаррифӣ карда буд. Чанд расонаи Ғарбӣ ҳам ин иддаъои Дарро бо истинод ба манобеи худ нашр карда, гуфтанд, ки нахуствазири Исроил ҳамроҳ бо раисҷумҳури ИМА бархе бандҳои тарҳи сулҳро тағйир додаанд.

Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Колумбия Густаво Петро (Gustavo Petro) хитоб ба президенти ИМА гуфт: “Трампро зарур аст, ки тарҳи пешниҳодии сулҳашро бо судури фармоне ҷаҳонӣ барои ворид кардани ғизо ва даво ба Ғазза шуруъ кунад ва пас аз он ки мардум ғизояшонро бихӯранд, беҳтар фикр мекунанд. Сулҳ таслим шудан нест, балки гуфтушуниди баробари дутарафа мебошад.”

Муҳлати 72 соат

Сипас, Доналд Трапм таъкид ва таҳдид кард, ки агар ҲАМОС (Ҳаракати Муқовимати Исломии Фаластин-Ҳамос, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо онро як созмони террористӣ медонанду дигар кишварҳо онро як созмони муқовимати мардумӣ дар Фаластин) тарҳи сулҳашро дар зарфи 72 соат напазирад, ҷаҳаннамеро болои сари онҳо ба вуҷуд хоҳад овард. Трамп аз сокинони Ғазза ҳам хост, ки ба ҷое амнтар панаҳ бибаранд, то зинда бимонанд. Вай таъкид кард, ки акнун тӯп дар майдони ҲАМОС аст, бояд оташбасро бипазирад.

Пеш аз он ки ин муҳлати 72-соата ба поён бирасад, ҲАМОС бо интишори як баёния иборат аз 9 банд ба сурати расмӣ посухи худашро дар бораи тарҳи сулҳи Трамп нашр карда гуфт, БАЛЕ, он чи дар ин тарҳ марбут ба ин ҳаракат аст, қабул дорад, вале барои иҷрои онҳо вақт ва тавзеҳ мехоҳад. Дар баёния зикр кард, ки Ғазза хоки Фаластин аст. Дар бораи чӣ касе Ғаззаро баъд аз ҷанг идора мекунад, тамоми фаластиниҳо тасмим мегиранд ва ин ҳаракат ҷузъи онҳост. Фаластин кадрҳои зиёде дар дохил ва хориҷ дорад, ки метавонанд сарнавишти худ ва идораи Ғаззаро ба даст бигиранд. Силоҳи ҲАМОС барои муҳофизат аст, на барои ҳуҷум. ҲАМОС силоҳашро ба давлати фаластинӣ, ки Ғаззаро ҳам идора кунад, таслим мекунад.

Машварат ва маслиҳат

Мусо Абу Марзуқ, яке аз раҳбарони барҷастаи ҲАМОС, ки дар ин бора бо “Алҷазира” суҳбат мекард, гуфт, дар бораи ин тарҳ бо дигар гурӯҳҳои фаластинӣ дар дохилу хориҷ ва намояндаҳои бархе кишварҳои дӯсту бархе созмонҳо ва ҳуқуқшиносон ҳам машварат ва маслиҳат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи Трамп бандҳо ва нуқтаҳои баҳсбарангези зиёде дорад, ки амалан иҷро кардани онҳо дар муҳлати замони муайяне, ки раисҷумҳури Амрико мехоҳад, ғайри имкон аст.

Барои мисол, ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ наметавонанд зери оташ ва бидуни ҳамоҳангӣ ва муайян кардани замону макони таслими асирон ҳамаи гаравгонҳоро дар як вақт ва ё дар як рӯз озод кунанд. Зеро, вазъ дар Ғазза мусоид нест. Ҳамон тавре ҳазорҳо нафар аз фаластиниҳо зери оворҳои хонаҳои бобмбороншуда беномунишон хобидаанд, ҷасади чанд нафар аз асирони исроилӣ низ ҳамроҳи онҳо зери овораҳост. Барои поксозӣ ва пайдо кардани онҳо шояд чанд ҳафта ва ё чанд моҳ вақт тӯл бикашад. Ба ҳамин хотир, иҷрои ин тарҳ ба музокирот ниёз дорад.

Дигар гурӯҳҳои фалалстинӣ, аз ҷумла Ҷиҳоди Исломӣ ва Фатҳ ҳам аз ин иқдоми ҲАМОС барои пазириши тарҳи Трамп истиқбол карданд. Ҷиҳоди Исломӣ гуфт, ки мо якҷо бо дигарон дар бораи ин посух бо ҳам машварат кардем ва ин посухнома мавқеи гурӯҳии моро баён кардааст.

Намоиши бе маслиҳат

Ҳанӯз аз нашри баёнияи ҲАМОС камтар 40 дақиқа нагузашта буд, ки раисҷумҳури Амрико ба ҳадафи намоиш як дастовард тарҷумаи англисии онро дар саҳифаи худаш дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” нашр карда гуфт, маълум аст, ки “ҲАМОС ҳам сулҳ мехоҳад.”

Дар ин миён ҷолиб он буд, ки то вақте раисҷумҳури ИМА ба посухи ҲАМОС вокуниш накард, дар бораи чигунагии он қариб ҳама раҳбарони исроилӣ ва мақомоти он ба сурати аланӣ чизе нагуфтаанд. Баъдтар расонаҳои исроилӣ фош карданд, ки Девони нахуствазир ва дигар мақомот интизор доштанд, ки ҲАМОС мустақим НА мегӯяд.

Иқдоме, ки хеле аз исроилиҳо ва ҳомиёни онҳо аз Трапм интизор надоштанд, ки ба ин зудӣ ва ба ин шева ризояти худро дар бораи посухномаи ҲАМОС ба намоиш бигузорад. Бархе коршиносони исроилӣ ҳам бо ибрози нороҳатӣ аз ин иқдом гуфтанд, ки ин бори чандум аст, ки Трамп бидуни машварат бо Исроил аҷулона чунин рафтор мекунад. Аммо ҲАМОС зирактар аз он буд, ки онҳо тасаввур мекарданд. ҲАМОС гуфт, БАЛЕ, вале НА ба он шаклу шевае, ки шумо мехоҳед.

Интиқод аз Тромп

Бархе расонаҳои исроилӣ, ки дар ин шабу рӯз хеле фаъол ҳастанду дар чунин масоил ҳеле кунҷковӣ мекунанд, ҳуҷуми нармеро алайҳи Трамп оғоз карда, ӯро ба ҷоҳталабӣ ва касби шуҳрат муттаҳам карда гуфтанд, ки ӯ барои ноил шудан ба Ҷоизаи сулҳи Нобел Бенямин Нетаняҳу ва манофеи Исроилро зери по кардааст.

Раисҷумҳури Амрико дар шаш моҳи ахир борҳо аз минбарҳои мухталиф иддаъо кардааст, ки вай оташи 7 ҷангро байни давлатҳо дар муҳлати кӯтоҳ хомӯш кардаасту сазовори ноил шудан ба Ҷоизаи сулҳи Нобел аст, вале ҳайтаи мудираи Ҷоизаи суҳли Нобел онро ба касе дигар тақдим кардан мехоҳанд.

Аз сӯи дигар, иҷро кардани тарҳи сулҳи Трамп тавре худи ӯ мегӯяд, дар як муҳлати кӯтоҳ корест нашуданӣ. Вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубё (Marco Rubio) ҳам гуфтааст, ки вақте дар Ғазза ҷанг идома дорад ва бомбҳо партофта мешаванд, амалан озод кардани гаравгонҳо имкон надорад. Барои раҳо кардани асирон шароит ва имконоти лозимро (дар Ғазза) ба вуҷуд овардан даркор.

Ҳадаф аз тарҳи сулҳ

Аммо бар хилофи он чи расонаҳо ва коршиносони исроилӣ дар бораи ин вокуниши Трамп гуфтанд, худи раисҷумҳури Амрико мегӯяд, Исроил дар ҷанги Ғазза хеле фаротар (аз ҳудуди худ амал карда, дур) рафтааст. Ҷанги Ғазза Исроилро аз арасаи байналмилалӣ мунзавӣ кардаасту ман онро дубора ба арсаи байналмилалӣ бар мегардонам. Трамп мегӯяд, иҷрои тарҳи сулҳи ӯ барои Исроил як дастоварди бузург аст.

Дастоварди бузург ба он маъност, ки он чи Исроил дар муддати ду соли ҷанг дар Ғазза ва харобу вайрон кардани 90% биноҳои ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ ва манзилҳои истиқоматии мардум ва қурбон кардани беш аз 65 ҳазор нафар ва замхӣ шудани беш аз 165 ҳазори дигар натавонист дар ҷанги Ғазза ба даст биорад ва ба қавли Бенямин Нетаняҳу ҳадафҳои ҷангро бароварда карда, гаравгонҳоро озод кунад ва ҲАМОС-ро дар арсаи низомӣ ва сиёсӣ шикаст дода, аз майдони набард хориҷ кунад, аз роҳи сиёсӣ ва фишорҳои зиёди байналмилалӣ бо имзои ин оташбас ҳамаи онҳоро ба даст хоҳад овард.

Оғози музокирот

Ба гуфтаи коршиносон, ҲАМОС бо БАЛЕ, вале НА гуфтанаш ба ин тарҳи сулҳ Вашингтону Телавивро маҷбур кард, ки фавран дубора ва ба сари мизи музокирот бо вай баргарданд. Амрико аз соли 1997 ба ин сӯ ҲАМОС-ро як ҳаракати террористӣ медонад ва тайи ду соли ахир ва дар ин музокирот ҳам ба намояндагӣ аз Исроил бо намояндаҳои ҲАМОС аз Мисру Қатар музокира мекунад.

Аз сӯи дигар Вазорати корҳои хориҷии Миср эълон кардааст, ки шуруъ аз 6-уми окятбри соли ҷорӣ барои оғози музокирот дар бораи тарҳи Трамп мизбони гурӯҳҳои фаластинӣ, исроилӣ, амрикоӣ ва қатарӣ хоҳад буд. Исроил чанд нафар аз намояндаҳои барҷастаи худро барои эҳёи музокирот ба Қоҳира мефиристад. Амрико ҳам гуфта, Стив Витков, намояндаи Вашингтон дар Ховари Миёна ҳамроҳ бо Ҷаред Кушнер (Jared Kushner), домоди Трмпро барои ширкат дар ин музокирот ба Қоҳира мефиристад. Намояндаҳои гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам бо даъвати Миср вориди Қоҳира шудаанд.

Ба ҷои хулоса

Гуфтанист, нахуствазири Исроил дар дохили кишвараш бо чанд парвандаи фасоди молӣ муттаҳам асту дар Додгоҳи байналмилалии Лоҳа-Гаага ҳам бо иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкушӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтааст, дар чорроҳаи маргу зиндагии эътибори сиёсӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи бархе расонаҳои исроилӣ, мухолифонаш ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки вай ба хотири мондан дар қудрат хоҳони идомаи ҷанг аст, на сулҳ. Ҳокон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия ҳам гуфтааст, эҳтимол дорад, ин дафъа ҳам Нетаняҳу ба хотири идома додани ҷанг коре карда “пеши роҳи сулҳро бигирад.”

Такрори сенария

Ҷанг дар Ғазза идома дорад. Бар хилофи иддаъоҳои раисҷумҳури Амрико ва Исроил, тавре расонаҳои фаластинӣ ва фаъолони Ғазза дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, артиш то ҳол ҷанг ва ҳамалоти худро алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза қатъ накардааст.

Артиши Исроил гуфта, ки агар сулҳ ҳам шавад, қасди хориҷ шудан аз меҳвари асосии Ғаззаро дар чанд соли оянда надорад. Ин кор хилофи тарҳи Трамп ва посухномаи ҲАМОС аст, ки гуфтааст ба тарҳи сулҳи Трамп ба шарти оташбаси пойдор ва хуруҷи комили нерӯҳои Исроил аз Ғазза мувофиқат мекунад.

Аммо ҳоло ин мавқеъгирии артиши Исроилро ҲАМОС такрори “сенарияи Ҷануби Лубнон*” медонад. Ба ҳамин хотир, агар дар ин масъала ба тавофуқ нарасанд, яъне артиши Исроил пурра аз Ғазза хориҷ нашавад, сулҳе пойдор барқарор нахоҳад шуд.

_____________________

*Сенарияи Ҷануби Лубнон чунин аст: Исроли як сол қабл бо Ҳизбуллоҳи Лубнон сулҳ кард, тибқи он созишномаи сулҳ, ки ИМА ва Фаронса ҳам миёнарав буданд, артиши Исроил бояд хоки Лубнонро тарк мекард, вале то кунун аз 5-6 мавзеи ишғолкардааш хориҷ нашудааст. Озодии амал дар Лубнонро дорад ва ҳар рӯз бо баҳонаҳои мухталиф як ё чанд амалиёти низомӣ анҷом медиҳад ва аз лубнониҳо қурбонӣ мегирад.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda.Tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия 60 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кард

Вазорати корҳои дохилии Русия эълом кард, ки танҳо дар давраи гузашта тақрибан 60 ҳазор иҷозатномаи кор (патент)–и муҳоҷирони кориро беэътибор донистааст. Ба гуфтаи масъулони амниятии Русия, сабаби асосии ин иқдом риоя нашудани қоидаи нави сабти кор аз ҷониби муҳоҷирон мебошад.

Раҳмонов ба Қирғизистон рафт

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми ноябр барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ба Қирғизистон сафар кард.

Орд дар Тоҷикистон арзон мешавад?

Ҷумҳурии Қазоқистон содироти орду гандум ба Тоҷикистонро нисбат ба солҳои қаблӣ 4 баробар бештар кардааст.

Зулайхо Маҳмадшоева овозхони шинохата аз кормандони андоз шикоят кард

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхон ва соҳибкор, дар саҳифаи Instagram-и худ аз рафтори баъзе намояндагони ниҳодҳои андоз интиқод кардааст.