Созмони дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри баёнияе аз Тоҷикистон хост, ки Валадимир Путин, раисҷумҳури Русияро ҳангоми сафараш ба Душанбе боздошт кунад.
Ин созмони байналмилалӣ 8-уми октябр дар баёнияаш таъкид карда, ки Тоҷикистон бояд ба фармони боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ амал кунад ва ба Путин иҷозати вуруд надиҳад ва агар вориди Душанбе шуд, ӯро боздошт кунад.
Баёнияи Human Rights Watch (HRW) дар ҳоле нашр мешавад, ки қарор аст шоми имрӯз, 8-уми октябр Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои иштирок дар ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бишавад.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ 17-уми марти соли 2023 ҳукми боздошти Владимир Путинро содир кард. ДБҶ зимни эълони ҳукмаш Путинро тибқи моддаҳои 8(2)(а)(vii) ва 8(2)(b)(viii) Статути Рим) ба ҷинояти ҷангӣ, бадарғаи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ ва интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз манотиқи ишғолии Украин ба Русия муттаҳам карда буд.
Лиз Эвенсон, мудири Барномаи адолати байналмилалии HRW таъкид мекунад, ки “Агар Тоҷикистон Путинро бипазирад, ин баёнгари он аст, ки ин кишвар ранҷи қурбониёни ҷиноятҳои нерӯҳои Русия дар Украина ва уҳдадориҳои худро ҳамчун узви ДБҶ нодида мегирад.”
Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз соли 2002 узви ДБҶ аст. Бар асоси созишномаи асосии ДБҶ, Тоҷикистон вазифадор аст бо Додгоҳ ҳамкорӣ кунад, аз ҷумла тавассути боздошт ва супоридани ҳар гуна муттаҳамоне, ки ба қаламраваш ворид мешаванд. Ва агар Тоҷикистон иҷозат диҳад Путин вориди кишвараш шавад ва ӯро боздошт накунад, ӯ ба уҳдадориҳои худ дар назди ДБҶ амал накардааст.
Дар баёнияи HRW омада, ки пас аз судудри ҳукми боздошти Путин, ӯ танҳо ба як кишвари узви ДБҶ – Муғулистон сафар кардааст, ки барои боздошт нашуданаш хеле аз кишварҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон доданд.
Бархе коршиносон суолеро матраҳ мекунанд, ки оё ДБҶ миконизми ҷазое дорад, ки дар ҳолати ҳамкорӣ накардани кишварҳои узв ва боздошт накардани шахсони дар ҷустуҷӯбуда, тавонад онҳоро низ муҷозот кунад?
Ҳоло маълум нест ДБҶ нисбати Тоҷикистон, ки ҳамчун узви ин Додгоҳ маҳсуб мешавад, чӣ тасмим мегирад. Вале Human Rights Watch аз давлатҳои узви ДБҶ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва инчунин Иттиҳоди Аврупо хоста, ки Тоҷикистонро барои иҷрои уҳдадориҳояш маҷбур кунанд.
HRW мегӯяд, солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон саркӯби мухолифонро шадидтар кардааст, аз ҷумла шахсиятҳои маъруфи ҷомеаи шаҳрвнадӣ, рӯзноманигорон ва блогеронро ба зиндон андохта ва барои боздошт ё истирдоди мухолифонаш аз кишварҳои дигар талош дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо тартиб додани як парванда ва ҷамъи далелҳо дар бораи ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш ба ДБҶ шикоят карда буд. ҲНИТ дар шикояташ гуфта, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои 2002 то 2024 ба таври систематикӣ ба ҷиноят алайҳи инсоният, аз ҷумла боздоштҳои худсарона, шиканҷа, зӯроварии ҷинсӣ, ихроҷҳои маҷбурӣ, қатлҳои ғайриқонунӣ ва таъқиби мухолифони сиёсӣ ва ақаллиятҳои миллӣ даст задааст.