Соати 12 ба вақти маҳаллии рӯзи ҷумъа, 10-уми октябри соли 2025 хотима ёфтани ҷанг дар Ғазза ба таври расмӣ эълон шуд.
Шаби гузашта ҳукумати Исроил ҷаласа баргузор кард ва пас аз баррасии созишномаи оташбаси сулҳ, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешниҳод намудааст ва рӯзе пеш дар Шарму Шайхи Миср байни миёнҷигарҳо ва Исроилу ҲАМОС ба имзо расид, мувофиқат кард.
Қаблан гуфта мешуд, ки ҳукумати Исроил то нисфирӯзии рӯзи панҷшанбе мувофиқаташ ба созишномаи оташбасро эълон мекунад ва ҳамлаҳои исроилӣ дар Ғазза поён меёбад, аммо ҳукумати Исроил ҷаласаашро ба соати 5-и бегоҳ ва баъдтар онро ба соати 8-9-и шаб қафо андохт.
Хабарнигорони маҳаллӣ гузориш доданд, бо қафо андохтани эълони поёни ҷанг аз сӯи ҳукумати Исроил, артиши он дар Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро шиддат бахшидааст. Субҳи имрӯз, пас аз хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз шаҳри Ғазза сокинон ҷасади 37 нафарро, ки дирӯз кушта шудаанд аз зери овораҳо берун бароварданд. Гуфта мешавад, аксари кушташудаҳо занону кӯдаконанд, ки дар лаҳзаҳои ахири поён ёфтани ҷанг артиши Исроил онҳоро куштааст.
Акнун пас аз тавофуқи ҳукумати Исроил поёни ҷанг расман эълон шуд ва мувофиқи ин созишнома давоми 72 соат бояд 20 асири исроилӣ, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд ва 2000 асири фаластинӣ, ки дар Исроил зиндониянд раҳо мешаванд.
Вале лаҳзае пеш Дафтари матбуотии ҳукумати Ғазза ба расонаҳо хабар дод, ки то ҳанӯз дар бораи рӯйхат ва номгӯи асирон тавофуқи ниҳоӣ сурат нагирифтааст.
Дафтари матбуоти ҳукуматии Ғазза эълом кард, ки аллакай аҳолии Ғазза, ки аз минтақаҳои гуногун ба таври иҷборӣ ба дигар манотиқ кӯчонида шуда буданд, ҳоло ҳама ба сӯи хонаҳои вайроншудаи худ равонанд ва кӯчаҳо пур аз одам аст.
Хабарнигорони “Ал-Ҷазира” гузориш доданд, ки дастаҳои низомии қисмҳои 7 ва 188 аз Ғазза ба таври комил баромаданд, аммо боқӣ нерӯҳо ба марҳилаи тавофуқшуда ақибнишинӣ кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, Исроил дар марҳилаи аввал ба “Хати зард” ақибнишинӣ кардааст, яъне то ҳанӯз 53% Ғазза дар зери тасарруфаш боқӣ мондааст. Аммо сухангӯи артиши Исроил бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳоло ҷанг ба поён нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба минтақаҳои ишғолшудаи фаластинӣ дар 7-уми октябри соли 2023, Исроил ба шиддат Ғаззаро бомборон кард ва ин ҷанг то субҳи имрӯз идома дошт. Вазорати беҳдошти Ғазза дар охирин омораш эълон кард, ки аз шури ҷанг то имрӯз беш аз 67 ҳазор нафар аз аҳолии Ғазза кушта шуда ва ҳудуди 10 ҳазори дигар зери овораҳо монда, бенишон гаштаанд.
Вазорати беҳдошти Ғазза мегӯяд, наздики 70 дарсади кушташудаҳоро занону кӯдакон ва пирионсолон ташкил медиҳад.
Ҷониби Исроил низ дар оморҳояш эълон кард, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то 29-уми сентябри 2025 аз сарбозон ва ғайринизомиён 1665 нафар кушта шудаанд, ки 1200 нафарашон дар рӯзи аввали ҳамлаи ҲАМОС кушта шуда буданд. Аммо коршиносон ба омори Исроил шубҳа доранд.