Ду тоҷик беҳтарин олимони ҷаҳон дар соли 2025 шинохта шуданд

Ду намояндаи илмии Тоҷикистон — профессор Маҳсуд Саидминов ва профессор Фаррух Шаропов ба рӯйхати «World’s Top 2% Scientists» (2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳон) барои соли 2025 шомил шудаанд.

Ин рӯйхатро ҳар сол Донишгоҳи Стэнфорди Иёлоти Муттаҳида таҳия мекунад. Ба он олимоне шомил мешаванд, ки корҳои илмии онҳо дар ҷаҳон бештар иқтибос меёбанд ва таъсири бузург ба рушди соҳаи худ доранд.

Ба гуфтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, таҳлили фаъолияти олимонро профессор Ҷон Иоаннидис анҷом медиҳад. Имсол дар феҳрист бештар аз 100 ҳазор муҳаққиқ аз кишварҳои гуногун ҷой гирифтаанд ва аз Тоҷикистон танҳо ду нафар Саидминов ва Шаропов тавонистанд ба он роҳ ёбанд.

Профессор Фаррух Шаропов муҳаққиқи Маркази “Чину Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, дар соҳаи кимиёи органикӣ ва фитохимия фаъолият мекунад. Ӯ муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ аст, ки то имрӯз зиёда аз 6 800 маротиба иқтибос шудаанд.

Профессор Маҳсуд Саидминов бошад, дар Донишгоҳи Викторияи Канада дар самти “Маводҳои функсионалии пешрафта” тадқиқот мебарад. Ӯ дорои 170 мақолаи илмӣ аст ва корҳои ӯ беш аз 24 000 маротиба иқтибос ёфтаанд.

Феҳристи Донишгоҳи Стэнфорд бар асоси маълумотҳои пойгоҳи илмии Scopus омода мегардад. Дар он шумораи мақолаҳо, иқтибосҳо, саҳми муаллиф дар таҳқиқот ва нишондиҳандаҳои таъсири илмӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Танҳо 2 дарсади олимони дорои натиҷаҳои баланд дар бахшҳои худ ба ин рӯйхат дохил мешаванд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, шомил шудани олимони тоҷик ба рӯйхати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки илми миллӣ дар роҳи пешрафт қарор дорад. Ин дастоварди Саидминов ва Шаропов метавонад барои боло бурдани эътибори илмии Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ нақши муҳим бозад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.