21.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз таҳримҳои Аврупо бар зидди Русия нигарон аст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар мавриди шомил шудани баъзе бонкҳои кишвар дар рӯйхати таҳримҳои Русия нигаронӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар 1-уми ноябри соли ҷорӣ зимни нашри изҳороташ гуфтааст, “аз шомил шудани бархе аз бонкҳои Тоҷикистон ба ин феҳристи таҳримҳо амиқан нигарон буда изҳори таассуф мекунад.”

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ба уҳдадориҳои байналмилалияш пойбанд аст ва “ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд.”

Вазорат изҳор дошта, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад то ҳадди имкон таҳримҳо ва оқибати манфии онҳоро бар иқтисоди кишвар кам кунад.

Ин дар ҳолест, ки 23-уми октябри соли 2025 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро тасдиқ кард, ки фаъолияти чандин бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюмро низ фаро мегирад. Дар миёни онҳо ташкилотҳои молиявӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Ҳиндустон низ ҳастанд.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд. Иттиҳоди Аврупо ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла бо содироти компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.

Сокинони кишвар “Душанбе сити бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва маълум нест, ки манъи муомила бо ин бонкҳо то чӣ ҳад ба фаъолияташон таъсир мегузораду фаъолияти онҳоро то куҷо маҳдуд мекунад.

Қарор дар сомонаи расмии Шӯрои ИА нашр шуда, аз 12 ноябри соли 2025 ба иҷро медарояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.

Дар Русия мехоҳанд шумори имтиҳони такрорӣ барои муҳоҷирон маҳдуд шавад

Вакилони Думаи давлатии Русия масъалаи кам кардани шумори такроран супоридани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон баррасӣ карданд.

Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими "алифбои ниёгон"-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Семент дар бозорҳо камёб шудаст. Нархи хонаҳо ҳам гарон мешавад?

Чандест дар бозорҳои кишвар муҳимтарин маводи сохтмонӣ - семент камёб шуда, нархи он ҳам назар ба моҳҳои пеш хеле гарон шудааст.