Созмони Human Rights Watch (HRW) аз Амрико талаб намудааст, ки дар мулоқоташ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (C5+1) мавзуи ҳуқуқи инсонро ба бахши калидии ин нишаст табдил диҳад.
Ба гуфтаи ин созмон, саркӯбҳои густарда дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон дар ҳоли афзудан аст.
HRW дар изҳороташ, ки 3-уми ноябр нашр шуд, мегӯяд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар минтақаи Осиёи Марказӣ рӯ ба бадшавӣ дорад, аммо дар Тоҷикистон сатҳи саркӯбгарӣ махсусан баланд буда, ҳукумат фишорро болои ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил ва мухолифон шадидан афзоиш додааст.
Ба иттилои ин созмони ҳомии ҳуқуқ, мақомот садҳо созмони ғайриҳукуматиро баста, даҳҳо рӯзноманигор, блогер ва шахсиятҳои ҷамъиятиро боздошт ва ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва «Гурӯҳи 24», мамнуъ эълон кардаву аъзои онҳоро бо иттиҳомҳои сиёсӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндонӣ шудаанд.
HRW инчунин аз вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки пас аз эътирозҳои солҳои 2021–2022 мақомоти кишвар амалиётҳои саркӯбгарона анҷом додаанд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки дар соли 2025 панҷ маҳбуси помирӣ, ки дар пайи ин таъқибҳо боздошт шуда буданд, дар зиндон фавтидаанд.
Ҳю Уилямсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии HRW гуфтааст, ки “Равандҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ сазовори дастгирии байналмилалӣ мебошанд, аммо онҳо бояд бар пояи эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун асос ёбанд, то қонуният ва эътибор дошта бошанд. ин ягона роҳест, ки 82 миллион сокини минтақа метавонанд воқеан аз ҳар гуна тавофуқоте, ки роҳбаронашон дар Вашингтон ба даст меоранд, баҳра баранд”.
Пештар аз ин гуруҳе аз мухолифони тоҷик бо навиштани номае аз Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА хоста буданд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуда, ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунад ва барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Гуфта мешавад, ин нишаст, ки 6-уми ноябр дар Вашингтон таҳти раёсати президенти ИМА Доналд Трамп баргузор мешавад, роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро гирд меорад.
Қаблан Департаменти давлатии ИМА аз вайронкуниҳои ҷиддии ҳуқуқи инсон, аз ҷумда шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва набудани мустақилияти низоми судӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон гузориш дода буд.
