Конститутсия ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ дод?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми шодбошӣ ба Рӯзи Конститутсия гуфт, ки татбиқи меъёрҳои Конститутсия дар кишвар “суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ”-ро таъмин кардааст.

Рӯзи 6-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи Конститутсия дар кишвар таҷлил мешавад. Эмомлаӣ Раҳмон ҳар сол дар ин рӯз аз саҳми Сарқонуни ҷумҳурӣ нақл мекунад ва онро сабаби тамоми хубию хушӣ медонад. Оё дар воқеъ Сарқонуни кишвар суботу оромӣ ва рушди иқтисодиро барои ҳама баробар таъмин кард ё танҳо барои баъзе?

Раисҷумҳур зимни суханронии имрӯзааш гуфт, ки мақсади Кониститутсия “фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад.” Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз ду миллион шаҳрванди нерӯи кории Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар сафар карда, дар орзуи зиндагии арзанда ва рушди шахсии хеш ва хонаводаашон дар сахттарин ҳолат ба сар мебаранд.

Эмомалӣ таъкид мекунад, ки маҳз бо амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия дар кишвар “фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид.”

Аммо ба назари таҳлилгарон ва мунтақидони Ҳукумат, амалӣ шудани меъёрҳои Кониститутсия аз ҷониби мақомдорон ҷои суол дорад. Ба гуфтаи онҳо, агар меъёрҳои Кониститутсия дар кишвар амалӣ мешуд ва ба он эҳтиром гузошта мешуд, Эмомалӣ то ҳол раисҷумҳур боқӣ намемонд ва ё худро “подшоҳи якумра” эълон намекард.

Ба таъкиди коршиносон, Конститутсия бештар аз оне, ки дар хидмати халқ бошаду амният ва суботи иҷтимоиву иқтисодии мардумро таъмин кунад, дар хидмати худи Эмомалӣ ва хонаводааш аст. Барои ӯ ва хешу табори дуру наздикаш ҳам фазои амнияту оромӣ ва ҳам шароити хеле хуби рушди шахсӣ ва иқтисодиро ба дараҷаи аъло таъмин кардааст. Вале садҳо ҳазор аҳолии оддӣ аз зиндагии оддӣ маҳрум, ҳуқуқҳояшон поймол ва обрӯяшон ҳифз намешаваду маҷбур хоки Ватани худро тарк мекунанд.

Раисҷумҳури кишвар ҳамчунин меафзояд, ки татбиқи Конститутсия дар кишвар “суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот”-ро ба вуҷуд овардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати ташкилкардаи Эмомалӣ даҳҳо дигарандеш, рӯзноманигорон, мухолифони сиёсии худро ба хотири хомӯш кунондани онҳо равонаи зиндон кард ва ҳатто баъзе мухолифони сиёсии худро барои як умр аз озодӣ маҳрум сохт.

Таъмини ҳуқуқҳои оддии шаҳрвнадон, озодии баён, муҳоҷирти аҳолӣ ба кишварҳои дигар, фирори мағзҳо, набуди барқу шароити бади тандурустӣ, ришварву фасод дар вазорату идораҳо, вазъи асафбори артишу сарбозшикор аз мушкилоте ҳастанд, ки ҳамеша мухолифони сиёсӣ, равшанфикрон, рӯзноманигорони мустақил ва фаъолони ҷомеа ҳалли онҳоро матраҳ мекарданд, вале худи онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд ва садояшон мувофиқи ҳамин “Конуститутсияи” сохтаи Эмомалӣ хомӯш кунонида шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.