Беш аз 50 шаҳрванди тоҷик дар Қазоқистон наҷот дода шуданд

Чанде аз мусофирони тоҷик, ки дар байнашон кӯдакон низ ҳастанд ва мехостанд аз Русия ба Тоҷикистон биёянд, дар роҳҳои Қазоқистон дармонданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон субҳи 7-уми ноябр хабар дод, ки 53 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо автобус аз Русия ба Тоҷикистон мерафтанд, дар роҳ автобуси онҳо хароб шуд ва мақомот огоҳ шуда, онҳоро аз сармои сахт наҷот дода, то таъмири автобус ба ҷои амн бурда шуданд.

Гуфта мешавад, аз ин 53 мусофир 8 нафарашон кӯдакони ноболиғ будаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон мегӯяд, автобуси мусофирон, ки аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекард, дар наздикии деҳаи Жибек Жолии вилояти Акмолаи Қазоқистон вайрон шуд.

“Наҷотдиҳандагон ҳамаи мусофиронро аз сармо наҷот дода, ба ҷои гарм кӯчониданд. Мусофирон дар нуқтаи гармикунии ноҳияи Аршали ҷойгир карда шуда, пас аз таъмири автобусашон роҳи худро идома медиҳанд. Табибони ёрии таъҷилӣ ҳолати саломатии шаҳрвандонро мавриди муоина қарор доданд.”, омадааст дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар ба тамоми мусофирон таъкид мекунад, ки мавсими зимистон мерасад ва пеш аз сафар баромадан эҳтиёткор бошанд ва вазъи обу ҳаворо санҷида, баъд ба роҳ бароянд.

Солона ҳазорҳо мусофир, бахусус шаҳрвнадони Тоҷикистон бо мошини сабукарв ё автобус тариқи Қазоқистон ба Русия мераванд. Ва мутаассифона, ҳолатҳои нохуши зиёд ҳам сабт шудааст, ки шаҳрвандони кишвар ё ба садама дучор гаштаанд ва ё дар сармои шадиди саҳроҳои тӯлонии ин кишвари паҳновар дармондаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад Чин роҳҳояшро бисозад. Вале бо чӣ имтиёзе?

Тоҷикистон ва Чин барои суръат бахшидани чанд лоиҳаи бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо маълум нест, ки кадоме аз ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.

Захираҳои Тоҷикистон ба $6,8 млрд расиданд: нақши муҳоҷирон дар ин миён чӣ гуна аст?

Захираҳои Тоҷикистон то моҳи майи соли 2026 тақрибан ба 6,8 миллиард доллар расиданд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди кишвар ҳамоно ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад.

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.