Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои низомиро тақвият медиҳанд

Вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода рӯзи 12-уми ноябр бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ба Покистон сафар кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар сафари дирӯзаи вазири дифои кишвар ба Покистон созишномаҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомию техникӣ имзо шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин созиш карданд, ки тамринҳои муштарак баргузор намуда, таҷриба мубодила кунанд ва дар омодасозии кадрҳои низомӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ин ниҳод мегӯяд, созишномаҳои низомӣ дар натиҷаи мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода бо Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои мусаллаҳи Покистон, генерал Соҳир Шамшад Мирзо, дар шаҳри Исломобод ба даст омадааст.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо, ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориро мусбат арзёбӣ намуда, зарурати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародаронаро дар шароити ноустувори вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва Покистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ доранд. Исломобод яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба расмият шинохт.

Тоҷикистон инчунин бо Покистон дар соҳаи энергетика низ ҳамкории зич дорад. Покистон дар чорчӯби лоиҳаи CASA-1000, ки ба интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Ҷануби Осиё нигаронида шудааст, аз Тоҷикистон барқ ворид мекунад.

Ба назари коршиносон, наздик будани ин ду кишвар аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва мушкилоти амниятии умумӣ ҳамкории низомиро барои ҳарду кишвар ба муносибатҳои дуҷонибаи муҳим табдил додааст. Исломобод ва Душанбе борҳо изҳор доштаанд, ки қасд доранд ҳамоҳангиро дар мубориза бо терроризм, ҷинояткории фаромарзӣ ва ифротгароӣ тақвият бахшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.