Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 14-уми ноябр, Раҳмонов бо фармоне Завқӣ Завқизодаро аз мақоми Вазири рушди иқтисод ва савдо, ки дар ин вазифа аз соли 2020 кор мекард, барканор кардаву сафир дар ИМА таъйин кардааст.
Фаррух Ҳамрализода, ки панҷ соли ахир сафири Тоҷикистон дар ИМА буд, аз мақомаш барканор шудааву дар бораи таъин шуданаш ба мансаби дигар хабаре нест.
Вазири нави рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода, ҳамакнун собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе ва бародари Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, додситони шаҳри Душанбе таъйин шудааст.
Инчунин дар пайи ин ҷойивазкуниҳо, Ҷамолиддин Убайдулло, писари собиқ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлисии Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва Италия буд, аз вазифаи сафир дар Фаронса озод шудааст. Аммо чун Тоҷикистон дар Италия сафорати худро боз кардааст, Ҷамоллиддин сафири Тоҷикистон дар Италия боқӣ мемонад.
Ҳоло сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода, ки то ин дам сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, таъйин шудааст.
Бо фармони дигараш Раҳмонов, Идибек Қаландарро, ки аз соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Австрия, Руминия, Словакия, Венгрия, Норвегия ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА буд, аз мақомаш барканор карда, ба ҷойи ӯ Манучеҳр Ҷобирро сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин кардааст. Маълум нест сафири нави Австрия ҳамзамон дар мақомҳои дигаре, ки Идибек Қаландар дар онҳо кор мекард, соҳиб хоҳад шуд ё на.
Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Президент аз иваз шудани консулҳои генералии Тоҷикистон дар чанд шаҳру вилоятҳои Русия хабар додааст.
Аз ҷумла, Хуршед Шерализода, ки то ин дам ёвари вазири корҳои хориҷӣ буд, консули генералӣ дар Санкт-Петербург шудааст. Ӯ писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат консули генералии Тоҷикистон буда, бародараш Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Инчунин бори аввал як зан консули генералӣ шудааст. Зарина Исмоилзода, ки муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ буд, консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирски Русия таъйин шудааст.
Гуфта мешавад, тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонаводаи ӯ аст. Аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.
