Шӯрои Амнияти СММ имрӯз тарҳи ИМА барои сулҳи Ғаззаро баррасӣ мекунад

Қарор аст, имрӯз соати 17:00 ба вақти Ню-Йорк дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тарҳи Трамп дар бораи сулҳи Ғазза тасдиқ шавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳ бо чанд кишвари арабӣ ва мусалмонӣ, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Қатар, Урдун, Иморот, Индонезия ва Покистон рӯзи ҷумъа аз Шӯрои Амнияти СММ талаб карданд, ки тарҳи пешниҳодкардаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бораи поён додани ҷанг ва бунёди Ғазза ҳарчи зудтар қабул намояд.

Дар изҳороти муштараки ин кишварҳо зикр шудааст, ки онҳо “пуштибонии пурраи худро аз қатъномаи мавриди баррасии Шӯрои Амният” баён карда, хостори “қабули фаврии он” шуданд.

Ҳафтаи гузашта ИМА расман музокиротро дар дохили Шӯрои 15-нафараи Амният барои тасдиқи санаде оғоз кард, ки оташбасро дар ҷанги дусолаи Исроил ва ҲАМОС пайгирӣ намуда, таъсиси Шӯрои сулҳ — як ниҳоди идоракунии муваққатӣ барои як марҳилаи гузариш дар Ғаззаро пешбинӣ мекунад. Бар асоси пешнависи қатънома, ин Шӯро то соли 2027 фаъол хоҳад буд.

Ин санад инчунин ба кишварҳои узви СММ иҷозат медиҳад, ки “Нерӯи муваққатии байналмилалии устуворсозӣ (ISF)” таъсис диҳанд. Ин нерӯ бояд бо Исроил, Миср ва пулиси нави Фаластин ҳамкорӣ карда, амнияти марзҳо, кушодани гузаргоҳҳои инсонӣ, гирифтани силоҳ аз дасти ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ, инчунин таъмини амният дар Ғаззаро ба дӯш хоҳад дошт.

Бар хилофи тарҳҳои қаблӣ, дар ин пешнавис эҳтимолияти таъсиси давлати ояндаи Фаластин низ зикр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Русия лоиҳаи қарори алтернативиро пешниҳод кардааст, ки таъсиси Шӯрои сулҳ ё фиристодани нерӯҳои байналмилалиро дар назар надорад. Ин матн фақат аз Дабири кулли СММ даъват мекунад, ки гузоришеро дар бораи имкони ҷойгиркунии нерӯҳои субот дар Ғазза омода кунад. Лоиҳаи Русия номи Доналд Трампро низ зикр намекунад.

ИМА ҳушдор дод, ки рад кардани пешниҳоди он метавонад ба баргашти ҷанги ҲАМОС бо Исроил ва идомаи мушкилоти мардуми Ғазза оварда расонад. Сафири ИМА дар СММ Майк Волтс изҳор дошта, ки “дур шудан аз ин роҳ боиси хисороти ҷиддии инсонӣ хоҳад шуд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.