Гуфтугӯи Тоҷикистону Толибон дар бораи мушкилоти марзӣ

Намояндагони Тоҷикистон ба мақомдорони Толибон аз ҳалли мушкилоти марзӣ тариқи ҳамдигарфаҳмӣ гуфтаанд. 

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ ва наздик ба Толибон, 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҳайати Тоҷикистон дар Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон мулоқот намуда, ҷонибҳо масоили амниятӣ, мушкилоти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфта, ки Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориҳояшро бо Афғонистон, бахусус дар бахши иқтисод густариш диҳад. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд ва бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марз аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад.

Дар идомаи ин мулоқот мақомдори Толибон Нуруллоҳ Нурӣ иддао кардааст, ки онҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза бурда истодаанд ва субот дар марзи муштарак нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад.

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо намояндаҳои марзбонии Толибон дар ҳолест, ки чанд моҳи охир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ задухурдҳо рух дода, чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шуда буданд.

Пас аз ин даргириҳо дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд. То ҷе, ки ҷонибҳо якдигарро барои ҷой додани мухолифони ҳамдигар дар кишварҳояшон муттаҳам карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати иборат аз 14 мақомдори тоҷик барои мулоқот бо мақомдорони Толибон ба Кобул рафтаанд ва ба ғайр аз дидор бо Нуруллоҳ Нурӣ бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон низ гуфтугӯ кардаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ мулоқот кунад.

Гуфта мешавад, ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо расонаҳои афғонӣ ва наздик ба ҳукумати Толибон мегӯянд, ки ҳадафи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Кобул музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ буда, фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол он дар дасти ҳукумати қаблии Афғонистон аст ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидорҳо будааст.

Пеш аз сафари ин ҳайаити иборат аз 14 мақомдори тоҷик ба Кобул, расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.

Хомӯшии ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.