Мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар ҳузури Сироҷиддин Муҳириддин, вазири корҳои хориҷии кишвар аз вазъи ҳуқуқи инсон, фишор болои рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд.
19-уми ноябри соли 2025, дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 11-уми Шӯрои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таҳти ҳамраисии Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКХ-и кишвар, дар ин нишаст вазирон рушди муколамаи сиёсӣ, вазъи шарикии тиҷоратию иқтисодӣ, имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди «сабз», иттисоли нақлиётӣ ва рақамӣ, ҳамкориҳо дар самти истихроҷу коркарди ашёи хоми муҳим, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, аз омодагии Тоҷикистон ва ИА барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда гуфтаанд.
Ҷузъити дигаре аз ин нишаст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр накардааст. Аммо дар хабарномае, ки ИА нашр кардааст, гуфта мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо аз фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорони тоҷик, инчунин набудани фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хостааст, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро такмил диҳад ва бо ҳама шаклҳои табъиз мубориза барад.
Ҳамчунин ин ниҳод, аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирии шиканҷа, беҳтар кардани шароити зиндонҳо, пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ талошҳои бештар анҷом дода шавад.
ИА ин ҳамаро калиди тақвияти эътимоди байналмилалӣ ба фазои сармоягузории Тоҷикистон номида, зикр кардааст, ки татбиқи самараноки ислоҳот барои рушди устувори кишвар ва суботи минтақавӣ муҳим аст.
Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо аз барномаи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон пуштибонӣ карда, пешрафти устуворро дар татбиқи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ташвиқ кардааст ва аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, муҳити зист ва захираҳои об истиқбол намудаву Тоҷикистонро ба иҷрои уҳдадориҳои он тибқи Созишномаи Порис даъват кардааст.
Гуфта мешавад, чанде пеш чанде пеш зимни нишасти намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел низ, аз вазъи бади ҳуқуқи инсон, озодии баён ва зиндонҳо дар Тоҷикистон интиқод шуда буд ва намояндагони ИА озодии маҳбусони сиёсиро талаб карда буданд.
Ва интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз вазъи бади ҳуқуқи инсон дар ҳоле дигарбора садо медиҳад, ки Тоҷикистон талош дорад шомили GSP+(Низоми умумии имтиёзҳо) гардад, аммо Иттиҳоди Аврупо пештар ҳам гуфта буд, ки муколамаҳои мунтазам дар мавриди волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон сутуни асосии муносибатҳои дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон боқӣ мемонад. Барои Брюссел пешрафти воқеӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи инсон, плюрализми сиёсӣ, озодии баён, истиқлоли ВАО ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар баррасии дархости ҳукумати кишвар барои шомил шудан ба барномаи GSP+ аҳамияти калидӣ дорад.
То ҳол назари ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ногувор будани вазъи ҳуқуқи инсон ва посухаш ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо то ҳол дастраси расонаҳо нагаштааст. Ҳамчунин маълум нест, ки дар ин нишаст масъалаи таҳрим шудани “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” баррасӣ шудааст ё на.
