Шерик Карамхудоев, маҳбуси сиёсӣ ва собиқ раҳбари намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар дохили зиндон даргузашт.
Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта бо такя ба манобеаи худ дар саҳфаи фейсбукияш навишта, ки Шерик Карамхудоеви 55-сола рӯзи 30-уми ноябр дар зиндони рақами 7-и Душанбе фавтидааст.
Ба гуфтаи хонум Саркорова, ин маҳбуси сиёсӣ чанд соат пеш аз марг дучори заъфи ногаҳонӣ, дарди меъда, дилбеҳузурии шадид ва қайкунӣ шуда, мақомоти зиндон ба ӯ ёрии пизишкии зарурӣ нарасонданд.
Ба гуфтаи наздиконаш, Карамхудоев қабл аз маргаш худро хуб ҳис мекард ва аз ягон дард шикоят надошт. Онҳое, ки бо ӯ дар як ҳуҷра дар зиндон нигаҳдорӣ мешдуданд низ гуфтаанд, ки ӯ як рӯз пеш аз ин ҳодиса бо онҳо суҳбат карда, комилан солим менамуд.
Ин маҳбуси сиёсӣ дар ҳоле мефавтад, ки бояд чанд моҳи баъд аз зиндон озод мешуд ва марги ногаҳонияш пеш аз озодшуданаш гуфтумонҳо дар бораи қасдан кушта шуданашро миёни фаъолон ва мухолифони тоҷик бештар кардааст.
Дар ҳамин ҳол ҲНИТ бо нашри паёми таслият гуфта, “Шаҳид Карамхудоев зиндонии сиёсӣ 14 соли умри худро пушти панҷараҳои зиндон, гузаронд ва қарор буд озод шавад, аммо ҳукумат аз озодии чунин мардон хавф дорад ва иҷозат намедиҳад ба озодӣ бароянд, ҳамин буд ки ӯро ба қатл расонданд”.
Ёдовар мешавем, ки Шерик Карамхудоев собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, моҳи июли соли 2012 дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров роҳандозӣ шуда буд, боздошт ва соли 2013 бо иттиҳомоти сохтаи “ташкили гурӯҳи ҷиноӣ”, “ширкат дар беназмиҳои оммавӣ”, “зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ” ва “ғайриқонунӣ доштани силоҳ” айбдор ва ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.
Худи Карамхудоев ва наздиконаш иттиҳомҳоро напазируфта, гуфта буданд, ки баъди боздошт ӯ мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифтааст.
Ҳамон вақт ҲНИТ боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва иҷрои қарорҳои қабулшуда дар протоколи 32-20 номида буд.
Бояд гуфт, аз аввали соли ҷорӣ бо шумули Шерик Карамхудоев 6 маҳбуси сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон мефавтанд.
Гуфта мешавад, Қулмамад Паллаеви 50-сола, фаъоли маданӣ аз Рӯшон моҳи январ, Боғшо Имматшоеви 67-сола моҳи феврал, Аслан Гулобови 35-сола аз Хоруғ моҳи июн, Музаффар Давлатмирови 61-сола, як рӯҳонии шинохта аз Хоруғ дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола моҳи июли имсол дар зиндонҳои кишвар фавтида буданд.
Пештар созмонҳоии ҳуқуқии байналмилаӣ аз мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи фаврӣ ва беғаразонаи марги зодагони Бадахшонро талаб карда буданд. То кунун мақомоти Тоҷикистон расман ба расонаҳо қазияро шарҳ надодаанд ва ҳамчунин ба хонаводаҳои ин маҳбусони фавтида низ чизе нагуфтаанд.
