Созмони Ҳамкории Шанхай бо нашри изҳороте ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки 26 ва 30-уми ноябри соли 2025 рух доданд, маҳкум кард.
Дар ин изҳорот, ки 3-юми декарбри соли ҷорӣ нашр шудааст, СҲШ ба хонаводаҳои қурбониён таъзия баён карда, бе овардани номе гурӯҳе ҳамлаҳоро кори гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки аз ҳудуди Афғонистон амал мекардаанд, гуфтааст.
Ҳамзамон ин созмони минтақавӣ гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими субот, таъмин намудани амнияти марзҳо ва эҷоди муҳити ҳамкории судманд дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дастгирӣ мекунад.
СҲШ инчунин таъкид кардааст, ки набояд ҳудуди Афғонистон барои амалҳое истифода шавад, ки амнияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақаи умумиро таҳдид мекунанд ва даъват кардааст, ки чунин ҳолатҳо дигар такрор нашаванд ва ҳамкории ҷонибҳо барои таъмини сулҳу субот дар минтақа тақвият дода шавад.
Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 таъсис ёфта, кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Беларус узви он мебошанд.
