Ҷузъиёти нав дар бораи тасодуфи маргбори тоҷикон дар Лаҳистон

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон дар мавриди тасодуфи маргбори 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаби 30-юми ноябр рух дода буд, ҷузъиёти нав нашр кард.

Дафтари матбуоти Додситонии шаҳри Жешув хабар дода, ки ронандаи 20-солаи тоҷикистоние, ки дар ҳолати мастӣ мошин ронда ва ба дарахт бархӯрду як сарнишини дигар ба ҳалокат расид, ҳамчун гумонбар ба муддати се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Манбаъ мегӯяд, тафтишоти пешакӣ маълум кард, ки ронандаи 20-сола Рустамбек С. шомро бо ду ҳамватани худ — Далер С. ва Ҳофиз С., шаҳрвандони Тоҷикистон, дар берун гузаронд. Тақрибан соати 23:00 ин се нафар ба сайру гашт баромаданд. Мошини тамғаи “Mercedes”-ро Рустамбек С. меронд.

“Ҳангоми баргаштан фоҷиа дар назди гузаргоҳи роҳи оҳан дар кӯчаи Лангиевича рух дод. Ронанда идораи мошинро аз даст дода, пас аз гузаргоҳ мошин ба дарахт бархӯрдааст. Дар пайи ин тасодуф, мусофир Далер С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳофиз С. бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмӣ ба беморхонаи клиникии вилоятии №2-и Жешув бурда шуд. Аммо худи ронанда ҷароҳатҳои андак бардошта, ба беморхонаи ВКД (MSWiA) дар шаҳри Жешув интиқол ёфт.”, мегӯяд манбаъ.

Додситони Жешов Чеханковский дар ин бора гуфта, ки тафтишот муайян кард, Рустамбек С. ҳангоми рондани мошин маст будааст ва дар баданаш тақрибан 2,4 промилл алкогол пайдо шуд. Сабаби бевоситаи садама баланд будани суръат дар роҳе мебошад, ки шароити он ба суръати баланд муносиб набудааст.

Бино ба иттилои додситонӣ, Рустамбек С. рӯзи 1-уми декабр расман боздошт шуд, амалҳои тафтишотӣ бо ӯ дар беморхона гузаронида шудааст. Аммо гумонбар гуноҳи худро эътироф намекунад ва иддао карда, ки дар сари фармон буданашро дар ёд надорад.

Рӯзи 2-уми декабр додситон аз Додгоҳи ноҳияи Жешув ба муддати се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани Рустамбекро талаб кард ва додгоҳ ҳам ба ин талаб пурра қонеъ шудааст. Чеханковский таъкид намуда, ки гумонбар аз декабри соли 2023 то феврали 2025 се маротиба барои қонуншиканиҳои роҳ ҷарима шудааст. Гуфта мешавад, иттиҳомоте, ки алайҳи ин шаҳрвнади 20-солаи Тоҷикистон эълон шудааст, ӯро то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.