Бебарқӣ ва сардии хонаҳои баландошёна дар Душанбе сокинонро ба танг оварда, аз масъулони соҳа барои бемасъулиятӣ талаби истеъфо доранд.
Рӯзноманигори тоҷик, Раҷаб Мирзо бо нашри як ёддошт дар саҳифаи фейсбукии худ аз қатъи тӯлонии барқ дар Душанбе, махсусан ноҳияи Сино интиқод намуда, аз масъулони соҳа талаб кард, ки аз мардум узр пурсида ё истеъфо диҳанд. Ӯ мегӯяд: “Имкон надорад, ки як шаҳраки калон дар зимистони соли 2025 қариб 10 соат бе огоҳӣ аз барқ маҳрум монад”.
Раҷаб Мирзо бештар аз ҳама муовини соҳавии раиси шаҳр, сардори Идораи барқи пойтахт ва масъулони ноҳияи Синоро мавриди танқид қарор дода, мегӯяд: “Дар хонаҳои бетонии пойтахт тақрибан як рӯзи дароз бе барқ мондани мардум, хоса дар хонаҳое, ки бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст нестанд, чӣ ном дошта метавонад? Қонуннописандӣ? Бемасъулиятӣ? Эҳтиром накардани мардум? Беинсофӣ? Расидан ба асабҳои одамон? Ё боз чӣ? Ҳамаи он чи ки ном бурдем, метавонад ҷо дошта бошад.”
Ӯ дар идомаи суханҳояш менависад, ин “масъулон, ки ном бурдем, ҳанӯз моҳи август дастур гирифта буданд, ки ба зимистонгузаронӣ омодагӣ бигиранд. Аммо онҳо чӣ кор карданд? Бигузор ҳисобот бидиҳанд. Ва на танҳо ба роҳбарони худ. Пеши мардум низ.”
Инчунин рӯзноманигор идаоҳои масъулин барқ дар бораи аз ҳад зёд истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи сокинонро зери суол бурда, мегӯяд “Гуноҳро сари мардум ҳам бор кардан аз рӯи инсоф ва мантиқ нест. Оё мардум девона шудааст, ки барқи акнун хеле гаронарзишро беҳуда сарф кунад ва ҳар моҳ маблағҳои зиёдро пардохт намояд?”
Ба боварии ин рӯзноанигор мушкилро бояд дар ҷойи дигар ҷуст. Ба гуфтаи ӯ, савол ин аст: оё масъулони барқ дар ҳамаи зеристгоҳҳо ва трансформаторҳо воқеан таҷҳизоти нав насб кардаанд, ё шояд асбобҳои кӯҳнаро оварда, ҳамчун нав ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд?
Ӯ таъкид мекунад, дигар камбудиҳо низ ҳастанд. Чун мумкин нест, ки масъулон қариб ним сол омодагӣ ба зимистонгузаронӣ бинанд, аммо ҳар сол боз ҳамон мушкили тақсими барқ такрор шавад.
Дар ин изҳорот суоле матраҳ мешавад, ки оё баъзе масъулон қасдан мехоҳанд нишон диҳанд, ки дастуру супоришҳои Президент ва шаҳрдори Душанбе барояшон муҳим нест? Ё шояд онҳо мехоҳанд сокинони пойтахтро аз зиндагӣ дилгир кунанд?
Дархости рӯзноманигор аз масъулон барои узрхоҳӣ ва ё истеъфо дар ҳолест, ки маҳдудияти барқ зимистони ҷорӣ дар тамоми кишвар шиддат ёфта, мардуми ноҳияҳои дурдаст дар як шабонарӯз 2-4 соат барқ доранд. Сокинон бебарқии имсолро бесобиқа дониста, мегӯянд, вазъи барқу гармидиҳии Афғонистону Сурия, ки кишварҳои ҷангзада ҳастанд, аз мо беҳтар аст.
Аммо масъулон соҳа ҳамеша мардумро барои масрафи зиёди барқ муттаҳам мекунанд ва инчунин камбуди об дар обанборҳоро сабаби аслии ин мушкилӣ медонанд.
