Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятие хабар дод, ки дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аъзои ин гурӯҳ дар чандин ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ ва дуздиҳои махсусан калон гумонбар дониста мешаванд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ дар тӯли чандин сол ба манзилҳои сокинон шабона ҳамла карда, бо таҳдид, зӯроварӣ ва истифодаи силоҳ маблағҳои калонро рабудааст.
Пулиси Душанбе рӯзи 10-уми декабр зимни шарҳи ҷузъиёти ҳодиса дар гузоришаш гуфт, ки ҳангоми амалиёти махсус аз аъзои гурӯҳ яроқи оташфишони тамғаи “Макаров” бо тирдон, кордҳои гуногун, ниқоб, дастпӯш ва дигар лавозими ҷиноятӣ мусодира карда шудааст.
Мақомот аз роҳбари гурӯҳ Фарҳод Мусоев ном бурда, мегӯяд, ӯ сокини 47-солаи пойтахт буда ва қаблан барои муомилои маводи мухадир зиндонӣ шудааст. Инчунин узви дигар ин гурӯҳ Иршод Азизови 42-сола сокини шаҳри Бохтар мебошад, ки панҷ маротиба барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва роҳзанӣ зиндонӣ шудааст. Аёмиддин Раҳмиддинзодаи 35-сола (пештар барои авбошӣ ва дуздӣ зиндонӣ шуда) ва Фирдавс Қурбонови 44-сола (қаблан дар Русия барои расонидани зарари ҷисмӣ маҳкум шудааст) аз аъзои дигари ин гурӯҳ гуфта мешаванд.
Пулиси пойтахт эълон карда, ки Суҳроб Маматови 33-сола ва Наҷибулло Исроилови 35-сола ҳарду аъзои ин гурӯҳ маҳсуб мешаванд ва ҳоло дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.
Мақомот мегӯянд, ки фаъолияти ин гурӯҳ бо чандин парвандаи вазнин пайванд будааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамла ба манзили Олимҷон Яқубов, сокини 72-солаи пойтахт, гумонбарон ӯро латукӯб карда, 220 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Яқубов пас аз як ҳафта дар беморхона даргузашт.
Пулиси Душанбе меафзояд, ки дар ноҳияи Вахш онҳо дар тӯли як сол ду маротиба ба манзили Валӣ Додалиев ворид шуда, маблағҳои ӯро рабуда ва дар ҳамлаи дуюм соҳибхонаро захмӣ карда буданд. Инчунин аз ҷониби ин гурӯҳ дар шаҳри Ҳисор як соҳибхона латукӯб ва пулҳояш рабуда шудааст. Ва як сол пеш онҳо ба хонаи Маҳмадалӣ Ҳаётов дар шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, пас аз муқовимати соҳибхона ӯро бо корд ба қатл расондаанд.
Ба иттилои ВКД, рӯзи 8-уми декабри соли 2025 ин гурӯҳ охирин кӯшиши дуздии худро дар кӯчаи Арбобхотуни ноҳияи Сино анҷом додаанд. Онҳо бо мақсади дуздӣ ба манзили Мирзошариф Мирзошарифов ворид шуда, баъди баргаштани соҳибхона аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.
Боздошти гурӯҳи ҷиноятии мазкур дар замоне сурат гирифт, ки ахиран дар гӯшаву канори кишвар силсила ҷиноятҳои ваҳшатнок сабт шуда, ҷомеаро ба таҳлука андохта буданд. Аз ҷумла, шаби 5 ба 6-уми сентябри соли ҷорӣ ҳодисаи куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғаш дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷомеаро такон дод.
Соли гузашта низ чандин куштори пайдарпай дар шаҳри Конибодом мардумро сахт нигарон карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки ангезаи ин ҷиноятҳо тасарруфи молу мулки сокинон будааст. Дертар мақомот чаҳор нафар дар иртибот ба ин ҳодисаҳоро ба ҳукми абад маҳкум карданд.
