Зоҳидро баъд аз бахшидан дар Тоҷикистон зиндонаш карданд

Як сокини ноҳияи Ванҷро баъд аз пурсиши афв ва баргаштан ба Тоҷикистон боздошту зиндонӣ карданд.

Зоҳид Қувватов, маъруф ба Қорӣ Зоҳид, ки чанд наворе дар Ютуб дораду дар онҳо мардумро ба ислому риояти фарзҳои он даъват мекунад, дар Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Радио Озодӣ дар истинод ба наздикони Қувватов навиштааст, ки ӯ дар Русия дар маросимҳои тую азои ҳамватанони худ амри маъруф мекард.

Гуфта мешавад, Зоҳид Қуватови 30-сола зодаи деҳаи Ҷамаки Язгулом буда, соҳиби ду фарзанд аст ва мақомоти интизомӣ моҳи марти соли 2025 ба зидди ӯ бо иттиҳоми ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда будаанд.

Ва ин ҷавон пеш аз баргашт ба Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ ба унвонии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода нома навишта, умед доштааст, ки ӯро бо истифода аз як истиснои Кодекси ҷиноӣ афв мекунанд.

Дар номаи Қувватов, ки онро Радиои Озодӣ нашр кардааст, навишта шуда, ки “Ман аз кирдори содиркардаи худ сахт пушаймон буда, сидқан ва самимона афсӯс мехӯрам. Мехоҳам аз Маккаи мукаррама, ки барои адои умра омадаам, ба Тоҷикистон баргашта ба ватани худ хизмат намоям. Аз ин лиҳоз бо боварии зиёд ва эҳтироми хоса аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар асоси дастурҳои президенти кишвар…. маро аз ҷавобгарӣ озод намоед”.

Ба гуфтаи наздиконаш ӯ дар Русия мезист ва баъди адои умра дар Арабистони Саудӣ ба номааш аз мақомоти амниятии ноҳияи Ванҷ посухи мусбат гирифтааст, ки афв мешавад.

Аммо баъди бозгашт ӯро дастгир кардаанд ва моҳи ноябри имсол додраси шаҳри Хоруғ бо гуноҳи ширкат дар созмонҳои ифротгаро ва мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гунаҳкор кардаанд.

Аммо хешовандонаш дақиқ намедонанд, ки ӯ аз чӣ роҳе ва ё чӣ гуна дар созмонҳои ифротгароӣ ширкат кардааст.

Боздошти Зоҳид Қувватов дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистон бо ваъдаи афв талош доранд мухолифони худро ба кишвар баргардонанд.

Чанде пеш Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ шаҳри Душанбе аз шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд ва берун аз ҳудуди Тоҷикистон пинҳон мешаванд, даъват кард, ки ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванд ва қонунгузории ҷумҳурӣ барои онҳое, ки худ айбро эътироф карда, ба пулис худро таслим мекунанд, ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.