9.9 C
Dushanbe

Ибораи “Ҳама садай” ибораи сол байни ҷавонон эълон шуд. Баҳси доғеро ба вуҷуд овард

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон бо нашри як видео дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook эълон кард, ки калимаи “ҳама садай” ҳамчун ибораи маъмул миёни ҷавонони тоҷик интихоб шуда ва муаллифи пешниҳоди он бо ҷоиза қадрдонӣ гардидааст.

Ба иттилои сафорат, моҳи ноябр аз корбарон даъват шуда буд, то калима ё ибораеро пешниҳод кунанд, ки дар гуфтугӯи ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик бештар истифода мешавад. Дар натиҷа, ибораи “ҳама садай” бештар лайк гирифта, ғолиб дониста шуд. Сафорат ғолибро истиқбол намуда, ҷоизаашро тақдим кард.

Ин иқдом дар фазои маҷозӣ вокунишҳои гуногун ва баҳсҳои шадидро ба бор овард. Корбарон ин иқдоми сафоратро ҳамчун таҳқири забони тоҷикӣ арзёбӣ кардаанд. Яке аз корбарон навиштааст: “Забони моро таҳқир кардаву ба таҳқиркунандагонаш ҷоиза медиҳед боз?”

Корбаре бо номи Бахтиёр Файзуллоев бар ин назар аст, ки ин ташаббус ба диалект ҳеҷ рабт надорад. Ба гуфтаи ӯ, мафҳуми Jugendwort диалект нест, балки калима ё ибораи гуфтугӯии ҷавонон мебошад, ки дар муҳити ғайрирасмӣ ва фарҳанги ҷавонон истифода мешавад. Ӯ таъкид мекунад, ки чунин ибораҳо ҷойгузини забони адабӣ нестанд ва ҳадаф аз ин иқдом муаррифии забони зиндаи ҷавонон ва табодули фарҳангист.

Ҳамчунин фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва забонпажӯҳ Умед Ҷайҳонӣ дар саҳифаи Facebook-и худ ин иқдомро сахт интиқод карда, онро паст задани арзишҳои забони миллӣ хондааст. Ӯ ҳатто аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки кормандони сафорати Олмонро барои “таҳқири забони миллии тоҷикон” бозхост кунад.

Дар посух ба ин интиқодҳои Умед Ҷайҳони сафорати Олмон посух додааст. Дар ин посух, сафорат таъкид мешавад, ки ба забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ эҳтироми амиқ дорад: “Сафорати Олмон дар Душанбе ба забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ эҳтиром мегузорад ва онро қадр менамояд. Далели ин истифодаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони аввали матолиб дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии мо мебошад.”

Сафорат ҳамчунин шарҳ медиҳад, ки сухан дар бораи вожаи сол байни ҷавонон меравад, на диалект ё забони адабӣ. Ба гуфтаи онҳо, чунин таҷриба дар худи Олмон низ роиҷ аст. Масалан, дар соли 2025 вожаи сол байни ҷавонон дар Олмон калимаи “crayz” будааст, ки аслан калимаи англисӣ мебошад.

Дар идомаи посух зикр мешавад, ки шарти озмун равшан буд: ғолиб ҳамон пешниҳоде эълон мегардид, ки бештар “лайк” мегирад.

“Мо вожаи “ҳама садай”-ро на пешниҳод кардем ва на интихоб намудем. Инро худи ҷавонон интихоб карданд. Агар пешниҳоди дигаре бештар лайк мегирифт, ҳамон ғолиб мешуд.”

Сафорат инчунин таъкид кардааст, ки ин навор хусусияти сиёсӣ ё расмӣ надорад: “балки ҳаҷв мебошад. Ин вожа дар гуфтори ҷавонон истифодаи маъмул дорад. Пас мушкил куҷост?”

Дар поёни изҳорот, сафорати Олмон бори дигар расман эълон кардааст, ки ин навор танҳо як маводи ҳаҷвӣ барои пайравони саҳифа буда, ҳеҷ гуна ҳадафи сиёсӣ ё таҳқиромез надорад.

Корбарони тоҷик дар шабкаҳои иҷтимоӣ ин ташаббуси сафорати Олмон дар Душанберо гуногун бардошт кардаанд. Бархе онро як намунаи табодули фарҳангӣ ва инъикоси воқеияти гуфтори ҷавонон дониста, бархе дигар онро ҳамчун беэҳтиромӣ ба забони миллӣ қабул кардаанд.

Аммо то ҳанӯз ниҳодҳои расмии марбут ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ, аз ҷумла Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон ва ё дигар устодону донишмандони соҳаи забоншиносӣ ба ин ташаббус вокуниш накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.

Суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

Вазорати дифои Кувайт рӯзи душанбе аз суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар хоки ин кишвар хабар дод. Вале маълум нест, шумори дақиқи ҳавопаймоҳо чандто аст.

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.