Тоҷикистон то ин дам ба Узбекистон барқ мефурӯхт, вале ҳоло барои таъмини барқи аҳолӣ дар зимистони ҷорӣ аз Узбекистон барқ мехарад.
Масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин иқдом дар пайи камобӣ ва буҳрони шадиди бебарқӣ, ки ҳама кишварро фаро гирифтааст, анҷом мешавад.
Бар асоси маълумоти ин ниҳод, Тоҷикистон барои таъмини барқ ба аҳолии кишвар рӯзона аз Узбекистон то 2 млн кВт/соат барқ ворид мекунад. Ба гуфтаи масъулин, ин миқдор ҳоло ҳам кам аст ва тасмим доранд миқдори воридоти барқро боз ҳам бештар кунанд.
Вазорати эенергетика ва захираҳои оби кишвар гуфтааст, ки дар бораи интиқоли барқ аз Қазоқистон ва Туркманистон низ дар сатҳи вазирон тавофуқҳои пешакӣ ҳосил шудааст. Ва ҳоло роҳҳои интиқол ва масоили техникии он баррасӣ мешавад.
Масъулини ин ниҳод гуфтаанд, ки ба баракати борони чанд рӯзи ахир тавлиди барқ ҳам дар нерӯгоҳҳои кишвар каме афзоиш ёфтааст. Мувофиқи гуфтаи онҳо, “ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии барқ тайи рӯзҳои ахир зиёда аз 54 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.” Дар ҳоле ки қаблан истеҳсоли барқ дар кишвар то 44 млн кВт/соат дар як шабонарӯз коҳиш ёфта буд.
Вазорати энергетика қаблан хабар дода буд, ки дар моҳои ноябр бо намояндагони энергетикаи Узбекистон ва Туркманистон мулоқот ва “гуфтугӯҳои судманд” дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба доштааст. Вале маълум набуд, ки ин гуфтушунидҳо дар бораи чӣ буданд. Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, маълум мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон масъалаи буҳронӣ шудани бебарқиро аз пеш медониста, вале барои ҳалли он мунтазири муъҷизае буд. Дар охир дид, ки он муъҷиза рух надод, маҷбур шуд аз ҳамсояҳо барқ бихарад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дирӯз ба мардум итминон дод, ки ин охирин “зимистони сахт” аст, ки мегузаронанд ва дигар мардум “лимит”-ро фаромӯш хоҳанд кард. Сухане, ки солҳост такрор мешавад ва пас аз ҳар такроре вазъи барқу гармидиҳӣ дар кишвар бадтар мешавад.
Ёдовар мешавем, ки маҳдудияти барқ зимистони ҷорӣ қариб тамоми кишварро фаро гирифта, ҳатто сокинони пойтахт аз бебарқӣ ранҷ мекашанд ва аз масъулин мепурсанд, ки дар ин сармои зимистон “хонаҳои бетониро бо чӣ гарм кунанд?” Аммо мардуми ноҳияҳои дурдаст бошанд, дар як шабонарӯз 2-4 соат барқ доранд. Сокинон бебарқии имсолро бесобиқа дониста, мегӯянд, вазъи барқу гармидиҳии Афғонистону Сурия, ки кишварҳои ҷангзада ҳастанд, аз мо беҳтар аст.
Аммо масъулон соҳа ҳамеша мардумро барои масрафи зиёди барқ муттаҳам мекунанд ва инчунин камбуди об дар обанборҳоро сабаби аслии ин мушкилӣ медонанд.
