ИМА лотареяи Грин-картро муваққатан боздошт

Ҳукумати Амрико пас аз тирпарронии маргбор дар Донишгоҳи Браун, ки ҳафтаи гузашта рух дод ва боиси марги ду нафар гардид, тасмим гирифт барномаи лотареяи “Грин-карт”-ро муваққатан қатъ намояд.

Ин қарор бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп гирифта шуда, аз сӯи Вазорати амнияти дохилӣ амалӣ мегардад. Кристи Ном, вазири амнияти дохилии кишвар, изҳор дошт, ки то анҷоми баррасии пурраи амниятӣ, судури виза ба ғолибони лотарея боздошта мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, сабаби асосии ин иқдом алоқамандии гумонбари ҳамла бо барномаи лотареяи муҳоҷиратӣ мебошад. Гуфта мешавад, гумонбар шаҳрванди Португалия буда, соли 2017 тавассути барномаи DV-1 ба ИМА ворид шуда ва мақоми иқомати доимӣ “Грин-карт” гирифта буд. Ҷасади ӯ рӯзи панҷшанбе пайдо шудааст.

Тирпарронӣ дар муҳити Донишгоҳи Браун, яке аз муассисаҳои қадимӣ ва бонуфузи таҳсилоти олӣ дар ИМА, сурат гирифтааст. Ин донишгоҳ узви гурӯҳи маъруфи Ivy League буда, дар шимолу шарқи кишвар ҷойгир аст.

Мақомот таъкид мекунанд, ки боздошти барномаи лотареяи “Грин-карт” иқдоми муваққатӣ мебошад ва ҳадаф аз он тақвияти чораҳои амниятӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои монанд дар оянда аст. Баррасии ҳамаҷонибаи низоми муҳоҷират идома дошта, қарорҳои минбаъда пас аз анҷоми ин раванд эълон хоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.