Раҳбари диаспораи тоҷикони Перм 50 сол ҳаққи вуруд ба Русияро надорад

Яке аз раҳбарони диаспораи тоҷикон дар Перм Сайфиддин Одинаев аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум гардида, аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ шудааст.

Расонаҳои русӣ дар истинод ба хадамоти матбуотии Идораи ФСБ-и Перм навиштаанд, ки гӯё ӯ амалҳоеро содир кардааст, ки ба амнияти Русия таҳдид доштаанд, аммо мақомоти расмӣ дақиқ нагуфтаанд, ки маҳз кадом амалҳо сабаби маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ ва ихроҷ гардидаанд. Мақомот гуфтаанд, Одинаев ба муддати 50 сол ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро надорад.

Гуфта мешавад, ки Сайфиддин Одинаев қаблан моҳи апрели соли 2014 дар содир намудани ғоратгарӣ бо истифодаи зӯроварӣ гунаҳкор дониста шуда будааст. Ба иддаои тафтишот, Одинаев аз ҳамватани худ талаб кардааст, ки телефони мобилиашро ба ӯ диҳад ва пас аз рад кардан, ҷабрдидаро зада, телефонро бо зӯрӣ гирифтааст. Он замон додгоҳ ӯро ба 11 моҳи маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияи низоми умумӣ маҳкум кард.

Назари худи Сайфиддин Одинаев, вакили дифоъ ва наздиконаш нисбат ба бекор кардани шаҳрвандӣ ва ихроҷ шуданаш аз Русия маълум нест.

Гуфта мешавад, Сайфиддин Одинаев ягона раҳбари диаспораи тоҷикони Русия нест, ки дар чанд соли охир аз ин кишвар ихроҷ мешаванд. Моҳи декабри соли 2017 Каромат Шарипов, раҳбари собиқи ҳаракати барҳамхӯрдаи «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» бо иттиҳоми ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия гунаҳкор дониста шуда, аз ин кишвар ихроҷ ва 9 майи соли 2020 бар асари сактаи дил дар Тоҷикистон даргузашт.

Худи Шарипов борҳо изҳор дошта буд, ки ихроҷаш хусусияти фармоишӣ дошта, ба фаъолияти ӯ дар ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ марбут аст.

Ҳамчунин баҳори соли 2021 Иззат Амон, роҳбари Маркази кӯмаки муҳоҷирон дар Маскав, аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд. Пас аз расидан ба Душанбе ӯ боздошт гардида, дар умум бо иттиҳомоти сохтаи қаллобӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Наздикон ва ҳомиёни ҳуқуқ ин парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.