3.9 C
Dushanbe

Бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон: лимит аз байн меравад?

Дар вилояти Суғд ва Хатлони Тоҷикистон барои бори аввал ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидорӣ 500 МВт сохта мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, 13-уми январи соли 2026 байни ҳукумат ва ҶДММ “Аён Энерҷӣ” созишномаи сармоягузорӣ барои сохтмони ду нерӯгоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт ба имзо расид. Мақомот ин иқдомро оғози марҳалаи нав дар рушди энергетикаи “сабз” ва таҳкими истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ мекунад.

Гуфта мешавад, мувофиқи созишнома ду нерӯгоҳ, ки яке дар ноҳияи Ашт ва дигарӣ дар ноҳияи Ҷайҳун сохта мешавад ва ҳар кадом 250 МВт нерӯи барқ аз офтоб истеҳсол мекунанд. Ин нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон аст, ки нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо чунин иқтидор иҷро мешавад.

Тибқи созишнома, сармоягузор уҳдадор шудааст, ки корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани ҳар ду нерӯгоҳи офтобиро то поёни соли 2026 ба анҷом расонад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар доираи ин лоиҳа 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи мақомот, нерӯгоҳҳои офтобӣ ба таҳкими истиқлолияти энергетикии кишвар, коҳиши норасоии мавсимии нерӯи барқ, бахусус дар фасли зимистон, сабук гардидани сарбории низоми энергетикӣ ва таъмини устувори аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бо нерӯи барқ кумак мекунанд.

Аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон то ҳол таҷрибаи амалии татбиқи лоиҳаҳои бузурги нерӯи офтобиро надорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки энергетикаи кишвар то ҳанӯз ба барқи обӣ вобастагии сахт дорад.

Яке аз нуқтаҳои баҳсбарангези ин лоиҳа уҳдадории сармоягузор барои анҷоми пурраи корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳо дар давоми танҳо як сол — то поёни соли 2026 мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи қаблии кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ки аксаран бо таъхир, болоравии арзиш ва номуайяниҳои молиявӣ рӯ ба рӯ шудаанд, иҷрои чунин муҳлати кӯтоҳ шубҳаовар арзёбӣ мегардад.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, барои нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 500 МВт ва он ҳам бо маблағи 250 миллион доллар эҳтимол метавонад кам бошад. Вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ҷузъиёти манбаъҳои маблағгузории чунин лоиҳаҳоро намегӯянд, коршиносон тахмин мезананд, ки шояд замонатҳои давлатие дар миён бошад, чун мақомот ҷузъиёти ин лоиҳа, аз ҷумла тартиби хариди нерӯи барқро то ҳол ба таври ошкор ба ҷомеа пешниҳод накардаанд.

Оғози ин лоиҳа дар ҳолест, ки ҳамасола дар кишвар норасоии нерӯи барқ ба шиддат эҳсос мешавад ва мақомот пайвста сабаби бебарқиро ба камобӣ дар обанборҳо рабт медиҳанд. Таҳлилгарон мепурсанд, ки бо тавлиди ин миқдор нерӯи барқи офтобӣ оё таъсире дар маҳдудияти барқ мегзорад ё на? То ҳанӯз маълум нест ин лоиҳа дар самти таъмини барқ ба аҳолӣ то куҷо муваффақ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муноқишаи гурӯҳии хонандагони ду мактаб дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе миёни хонандагони ду муассисаи таълимӣ занозанӣ рух додааст.

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзҳои оянда ҳаво якбора сард мешавад.

Дар Русия навраси тоҷик бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд

Як навраси 17-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми савганд ёд кардан барои шомил шудан ба гурӯҳи ДИИШ дар Маскав боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.