Мақсудҷон Саидови 36-сола, ки рӯзи 8-уми январ аз ҷониби кормандони Шeъбаи дувуми корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт дар Кӯлоб боздошт ва ба идораи милисаи Душанбе оварда шуда буд, ба таври мармуз ҷон додааст.
Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки Мақсудҷонро пас аз даргузашташ саросемавор аз Душанбе ба Кӯлоб бурда, бо осори шиканҷа дар баданаш ва ангуштони сӯхтаи пою дасташ, рӯзи 12-уми январ ба хок супурдаанд.
Гуфта мешавад, Саидов бо гумони фурӯши маводи мухаддири навъи “кристал” боздошт шуда будааст. Ва ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки хилофи муқаррарот, кормандони милисаи ноҳияи Сино бе огоҳии онҳо дар шаҳр амалиёт анҷом додаанд ва онҳо ҳеч чизе дар ин бора намедонанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол марги Мақсудҷон Саидовро шарҳ надода, дар бораи бе огоҳӣ гузарондани амалиёт аз ҷониби кормандони милисаи Душанбе дар Кӯлоб низ чизе нагуфтаанд.
Аммо Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз идораи пулиси ноҳияи Сино навишта, ки додситонӣ марги ин сокини Кӯлобро ҳамчун марг бар асари шиканҷа таҳқиқ мекунад ва ду нафаре, ки дар боздошти ӯ нақш доштанд, бозпурсӣ мешаванд ва бо дастрас кардани натиҷаҳои ташхис шояд тасмим гиранд, ки айб эълон шавад ё на.
Гуфта мешавад, Мақсудҷон ягона нафаре нест, ки пас аз боздошт аз шиканҷаи кормандои мақомоти қудратии кишвар дар идораҳои пулису амният ва боздоштгоҳ ҷон медиҳад. Пештар дар моҳи январи соли 2023 Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб пас аз шиканҷа дар идораи милиса фавтида буд. Ин ҳодиса боиси эътирози сокинони шаҳри Кӯлоб гашт ва мақомот маҷбур шуданд, се афсари пулисро боздошт ва барои 14 солӣ равонаи зиндон кунанад.
