3.9 C
Dushanbe

Дар Русия навраси тоҷик бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд

Як навраси 17-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми савганд ёд кардан барои шомил шудан ба гурӯҳи ДИИШ дар Маскав боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Бино ба иттилои расонаи русии ТАСС, Додгоҳи ҳарбии ноҳияи дувуми ғарбии Русия ин ҳукмро эълон кардааст, аммо рӯзи эълони ҳукм маълум нест. Ба иттилои манбаи ТАСС, ин наврас “ба гурӯҳи террористии ДОИШ савганд ёд карда ва дар канали худ дар шабакаи Telegram даъватҳои ошкоро ба фаъолияти террористӣ нашр намудааст.”

Додгоҳ бар иловаи ҳукми зиндон нисбати ин навҷавони тоҷик, инчунин то се сол аз ҳаққи доштани телефони мобилӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет манъ карда кардааст. Телефони мобилии ӯ, ки дар ҷараёни тафтиш мусодира гардида буд, ба фоидаи давлат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, ин ҷавон ҳангми мурофиа дар додгоҳ пурра ба гуноҳи худ эътироф кардааст. Ба иттилои манбаъ, “Дар сухани охирин айбдоршаванда изҳор доштааст, ки “хатои бузург содир кардааст” ва ваъда додааст, ки дигар чунин корро такрор намекунад.”

Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, падари ин ҷавони тоҷик низ дар додгоҳ ҳузур доштааст. Ӯ зимни мурофиа гуфтааст, ки аз қасди писараш барои рафтан ба Афғонистон сахт ба ҳайрат афтода буд ва аз додгоҳ хостааст, ки нисбат ба фарзандаш сахтгирӣ накунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзҳои оянда ҳаво якбора сард мешавад.

Трамп: Эрон эътирозгаронро эъдом намекунад

Бар асоси иттилои шабакаи "NBC News", Доналд Трамп гуфтааст, ки ҳукумати Эрон қасди эъдом ё қатли эътирозгаронро надорад.

Марги як гумонбар пас аз шиканҷа дар идораи пулиси Душанбе

Мақсудҷон Саидови 36-сола, ки рӯзи 8-уми январ аз ҷониби пулиси Душанбе боздошт шуда буд, ба таври мармуз ҷон дод.