6.9 C
Dushanbe

Чаро Чин лоиҳаи муҳими инфрасохториро дар Тоҷикистон боздошт?

Чин фаъолияти бозсозӣ ва сохтмони қитъаи мушкилгузари роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мутаваққиф кардааст.

Дар ин бора чанде пеш Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд. Бино ба иттилои манбаъ, ба сабаби хатарҳои амният марзӣ, ки ба кушта шудани шаҳрвандони Чин анҷомид, ин кишвар тасмим гирифт, ки иҷрои ин лоиҳаи муҳими инфрасохториро дар ВМКБ мутаваққиф кунад.

Вазорати нақлиёт таъкид мекунад, ки ҷониби Чин тасмимаш ҷиддӣ аст ва “то пурра барқарор шудани амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон” фаъолияти ин лоиҳаи муҳим аз сар гирифта намешавад.

Ин дар ҳолест, ки лоиҳаи мазкур ҳамчун шоҳраги ҳаётӣ барои пайваст кардани минтақаҳои кӯҳистонӣ бо маркази маъмурии Рӯшон ва дар оянда бо марзи Чин арзёбӣ мешуд. Вале айни ҳол тамоми корҳои сохтмонӣ ин қитъа қатъ гардидаанд.

Ҳамзамон расонаи узбекии “Upl.uz” дар як гузориши таҳлилие бо такя ба иттилои манобеи наздик ба доираҳои дипломатӣ хабар медиҳад, ки қарори кишвари Чин барои қатъи фаъолияташ дар лоиҳаи мазкур, “пас аз ноором шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон” гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз ду ҳодисаи ҳамлаи пайдарпайи моҳи гузашта, ки аз ҷониби марзи Афғонистон сурат гирифт ва дар натиҷа чанд мутахассиси чинӣ кушта шуд, боиси бозбинӣ ва баланд арзёбӣ шудани сатҳи хатар аз ҷониби Пекин гардид. “Пас аз он дастур дода шуд, ки тамоми кормандон фавран аз минтақа хориҷ карда шаванд.”

Ба иттилои манбаъ, аллакай моҳи дувум аст, ки корҳои сохтмонӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” комилан бозмондаанд. Вазорати корҳои хориҷии Чин таъкид мекунад, ки ҳифзи ҷони шаҳрвандонаш авлавияти мутлақ дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон 18-ум январ боз аз як даргирии марзӣ хабар доданд. Мақомот агарчи аз тақвияти назорат дар марзҳои ҷанубии кишвар хабар медиҳанд, аммо коршиносон вазъи амниятиро ноустувор арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, фаъолшавии гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон хатари доимиро эҷод мекунад.

Лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ дар ВМКБ аз ҷониби ширкати роҳсозии чинии “China Road and Bridge Corporation” амалӣ мешуд. Гуфта мешавад, барои анҷоми ин лоиҳаи муҳим ҳукумати Чин 230 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мавқеи Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии низомӣ боло рафтааст, аз Тоҷикистон чӣ?

Узбекистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии қудрати низомӣ "Global...

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, вале чаро “лимит” сахттар шуд?

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 7-% истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2025 хабар медиҳанд, ки тибқи омори расмӣ ҳаҷми умумии он ба 24 млрд кВт·соат расидааст.

Кордзанӣ байни хонандагон мақомоти Кӯлобро нигарон кардааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 23-юми январ ба хотири пешгирӣ аз муноқишаҳои ҳалокатбори хонандогон дар шаҳри Кӯлоб "Рӯзи мактаб" баргузор кард.

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то...