-7.1 C
Dushanbe

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи Кӯлоб нисбати ду корманди милисаи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин ду корманди милиса, ки номашон маълум нест ба “шиканҷа” ва “берун баромадан аз ҳади ваколатҳои хидматӣ” айбдор мешаванд.

Гуфта мешавад, Мақсудҷон Саидов 8-уми январ соли ҷорӣ дар Кӯлоб аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Синои пойтахт бо гумони фурӯши маводи мухаддири навъи “кристал” боздошт ва ба идораи милисаи Душанбе оварда шуда буд. Ва ӯ дар ҳоле боздошт гардида буд, ки Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки хилофи муқаррарот, кормандони милисаи ноҳияи Сино бе огоҳии онҳо дар шаҳр амалиёт анҷом додаанд ва онҳо ҳеч чизе дар ин бора намедонанд.

Аммо пас аз чор рӯзи боздошт ҷасади Мақсудҷонро саросемавор аз Душанбе ба Кӯлоб бурда, бо осори шиканҷа дар баданаш ва ангуштони сӯхтаи пою дасташ, ки эҳтимолан он изи сими барқ бошад, ба хок супурдаанд. Дар барқ гузоштани гумонбарон барои гирифтани эътироф яке аз усулҳои шиканҷаи мақомоти пулис ва амнияти кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол яке аз дӯстони Саидов бо шарти наовардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот тарс доштанд, ки марги боздоштшуда дар Кӯлоб эътироз ба бор меорад ва қабл аз супурдани ҷасад дар рӯзи 12-уми январ чанд мақоми милисаи Раёсати умури дохилии Душанбе бо наздикони Саидов суҳбат карда, гуфтаанд, ки гунаҳкоронро боздошт кардаанд ва ҷазо медиҳанд. Ҳамчунин аз онҳо хостаанд, ки ҷое эътироз ва шикоят накунанд.

Бояд гуфт, бо гузашти беш аз 10 рӯз аз ин ҳодиса мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол марги Мақсудҷон Саидовро шарҳ надода, дар бораи бе огоҳӣ гузарондани амалиёт аз ҷониби кормандони милисаи Душанбе дар Кӯлоб низ чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, Мақсудҷон ягона нафаре нест, ки пас аз боздошт аз шиканҷаи кормандои мақомоти қудратии кишвар дар идораҳои пулису амният ва боздоштгоҳ ҷон медиҳад. Пештар дар моҳи январи соли 2023 Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб пас аз шиканҷа дар идораи милиса фавтида буд. Ин ҳодиса боиси эътирози сокинони шаҳри Кӯлоб гашт ва мақомот маҷбур шуданд, се афсари пулисро боздошт ва барои 14 солӣ равонаи зиндон кунанад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҳмурод Одинаевро ба “ШИЗО” андохтанд

Мақомоти зиндони Ваҳдат маҳбуси сиёсӣ Маҳмурод Одинаевро дар дохили зиндон ба ҳуҷраи ҷазо ё ҳамон "ШИЗО" андохтанд.

Оё “Шӯрои Сулҳ”-и Трамп СММ-ро аз байн мебарад?

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ташаббуси наве як шӯро бо ҳайати чанде аз раҳбарони кишварҳои дунё ташкил карда ва онро "Шӯрои Сулҳ барои Ғазза" номидааст.

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.