2.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то 1-уми декабри соли 2025 дар зиндонҳои ҷаҳон 330 рӯзноманигор қарор доштаанд.

Дар ин гузориш, ки 21-уми январи соли 2026 нашр шудааст, зиёд шудани таъқиби рӯзноманигорон бо иттиҳомоти сохтаи терроризм, экстремизм ва ҳамкорӣ бо сохторҳои хориҷӣ гуфта шудааст.

Бояд гуфт, Тоҷикистон бори аввал дар солҳои охир ба даҳгонаи кишварҳое дар ҷаҳон ворид шуда, ки шумораи зиёди рӯзноманигоронро дар зиндон нигаҳ медорад. Тибқи маълумоти CPJ, дар соли 2025 дар зиндонҳои кишвар нуҳ рӯзноманигор қарор доштанд, ки натиҷаи афзоиши пайвастаи чунин парвандаҳо аз соли 2022 ба ин сӯ мебошад. Дар гузориш таъкид мешавад, ки Тоҷикистон муттаҳиди Русия буда, дар маҳдудсозии расонаҳои мустақил равишҳои монандро пеш мегирад.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки афзоиши шумораи рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон бо шиддат гирифтани талошҳои мақомот барои «нобуд сохтани расонаҳои мустақил» ҳамзамон шудааст.

Дар радабандие, ки CPJ онро нашр кардааст, Чин бо 50 рӯзноманигори зиндонӣ дар ҷойи аввал, Мянмар бо 30, Исроил бо 29 ва Русияву Беларус бо 27 ва 25 рӯзноманигорони зиндонӣ ва Озарбойҷон бо 24 дар мақомҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд. Дар даҳгонаи аввал ба ҷуз Тоҷикистон дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нестанд, аммо ворид шудани Тоҷикистон ба даҳгона нишон медиҳад, ки буҳрони озодии баён дар Осиёи Марказӣ амиқтар мешавад.

Дар гузориши CPJ ба вазъ дар Исроил ва қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст, ки дар он афзоиши шадиди боздошти рӯзноманигорон дар пасманзари ҷанг дар Навори Ғазза, ки моҳи октябри соли 2023 оғоз ёфт, ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 Исроил 29 рӯзноманигорро дар боздошт нигоҳ медошт, ки ҳамаи онҳо фаластинӣ мебошанд.

CPJ таъкид мекунад, ки Исроил ягона давлат дар феҳристи бузургтарин зиндонкунандагони рӯзноманигорон аст, ки маъмулан демократӣ ҳисобида мешавад. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди рӯзноманигорони фаластинӣ бидуни эълони расмии айб, дар доираи боздошти маъмурӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф аст.

Дар гузориш маълумотҳои зиёде дар бораи муносибати бераҳмона бо рӯзноманигорони фаластинӣ дар маҳбасҳо сабт шудаанд, аз ҷумла ҳабси тӯлонӣ дар утоқҳои танҳо, латукӯб, маҳрум кардан аз кумаки тиббӣ ва шароити таҳқиромези нигоҳдорӣ. CPJ зикр мекунад, ки нисбат ба фаластиниҳо меъёрҳои дигари судӣ татбиқ мешаванд, ки ин хатари маҳдуд шудани озодии баёнро дар минтақаи низоъ боз ҳам зиёд мекунад.

Дар миқёси ҷаҳонӣ зиёда аз 60 дарсади рӯзноманигорон бо айбдоркуниҳои «зиддиддавлатӣ» дар зиндон қарор доранд ва тақрибан панҷяки онҳо бидуни айбномаи расмӣ боздошт шудаанд. Қариб нисфи рӯзноманигорони зиндонӣ ҳукм надоранд ва бисёре аз онҳо беш аз панҷ сол дар ҳабс қарор доранд, ки ба гуфтаи CPJ, мухолифи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Гузориш ҳамчунин аз шароити вазнини нигоҳдории рӯзноманигорон дарак медиҳад. Дар тақрибан сеяки парвандаҳо аз муносибати бераҳмона, шиканҷа, латукӯб, маҳрумият аз ёрии тиббӣ ва ҳабси тӯлонии танҳоӣ хабар дода шудааст.

CPJ таъкид мекунад, ки таъқиби рӯзноманигорон паёмадҳои дарозмуддат дошта, он ниҳодҳои демократиро заиф мегардонад, ба афзоиши фасод мусоидат мекунад ва сатҳи масъулияти ҳукумат дар назди ҷомеаро коҳиш медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бештари асирони ҳарбӣ аз Осиёи Марказӣ дар Украина зодагони Тоҷикистонанд

Дар Украина беш аз сад зода ва шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асорат қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар Русия муҳоҷирони Ҳиндустон ва Бангладеш ҷои тоҷикону узбеконро пур мекунанд?

Русия муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустону Бангладеш бештар карда, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ихроҷ кардааст.

Криштиану Роналдо соли 2027 футболро тарк мекунад?

Эҳтимол меравад ҳамлагари дастаи "Ал-Наср"-и Саудӣ Криштиану Роналду дар соли 2027 фаъолияти касбии худро ба поён расонад.

Гузориши ғайримаъмул дар телевизиони давлатӣ аз вазъи ногувори шаҳраки Шарора

Дар як гузориши телевизиони давлатӣ "Илм ва Табиат" вазъи нигаронкунандаи шаҳраки Шарора дар шаҳри Ҳисор ба намоиш гузошта шуд.