7.9 C
Dushanbe

Кордзанӣ байни хонандагон мақомоти Кӯлобро нигарон кардааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 23-юми январ ба хотири пешгирӣ аз муноқишаҳои ҳалокатбори хонандогон дар шаҳри Кӯлоб “Рӯзи мактаб” баргузор кард.

Гуфта мешавад, чандест дар байни хонандагон ва ҷавонон ҳангоми муноқишаҳо бо корд зада куштан муд шудааст, ки ин амал мақомотро нигарон кардааст. ВКД-и Хатлон бо баргузории ин чорабинӣ намояндагони худро ба 40 муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб фиристодааст.

Ба иттилои манбаъ, масъулони мақомоти корҳои дохилӣ бо хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб вохӯриҳо ва суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, чорабиниҳои профилактикии судманд анҷом доданд.

Гуфта мешавад, ки ин чорабинӣ дар доираи таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ, инчунин пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва боло бурдани сатҳи донишҳои ҳуқуқии онҳо мебошад.

Ин иқдом дар пасманзари нигарониҳо аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб сурат мегирад. Қаблан Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар як ҳамоиш дар шаҳри Кӯлоб гуфта буд, ки кордзанӣ миёни наврасон, ифротгароӣ ва истеъмоли ҳабҳои мадҳушкунанда аз мушкилоти асосии иҷтимоии ин шаҳр ба шумор мераванд.

Ин дар ҳолест, ки шаби 11-уми январ дар пайи як занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Кӯлоб Маҳмадалӣ Исуфов, размикори 19-сола, ба ҳалокат расид ва се ҳамсоли дигараш захмӣ шуданд.

Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, танҳо дар соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 719 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин афзоиш ёфтааст. Мақомот бар ин назаранд, ки баргузории чунин чорабиниҳои профилактикӣ метавонад дар коҳиши ҷинояткорӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавонон нақши муҳим бозад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, вале чаро “лимит” сахттар шуд?

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 7-% истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2025 хабар медиҳанд, ки тибқи омори расмӣ ҳаҷми умумии он ба 24 млрд кВт·соат расидааст.

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то...

Бештари асирони ҳарбӣ аз Осиёи Марказӣ дар Украина зодагони Тоҷикистонанд

Дар Украина беш аз сад зода ва шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асорат қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар Русия муҳоҷирони Ҳиндустон ва Бангладеш ҷои тоҷикону узбеконро пур мекунанд?

Русия муҳоҷирони кориро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҳиндустону Бангладеш бештар карда, ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ихроҷ кардааст.