Соли 2025 дар Тоҷикистон 3,8 ҳазор нафарро барои истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии барқ ба маблағи умумии 1,8 млн сомонӣ ҷарима карданд.
Бино ба иттилои Ожонсии назорат дар соҳаи энергетика, дар давоми як соли гузашта зиёда аз 2,7 ҳазор ҳолати дуздии барқ бо зарари 235 млн 601 ҳазор сомонӣ ба буҷети кишвар ошкор гардидааст. Аз ин дуздиҳо 1000 ҳолат бо зарари 82 млн 344 ҳазор сомонӣ ба вилояти Суғд, 781 ҳолат ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб бо зарари беш аз 137 миллион сомонӣ сабт гардидаааст.
Ҳамчунин дар Душанбе тақрибан 470 ҳолат сабт шуда, зарар 11 млн 899 ҳазор сомонӣ буда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 517 ҳолат зарар ба маблағи 4 млн 165 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Ожонсии назорт дар соҳаи энергетика мегӯяд, ки соли гузашта кормандони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 321 млн 464 ҳазор кВт⋅соат нерӯи барқро изофанависӣ кардаанд, ки ба буҷети кишвар беш аз 106 млн сомонӣ зарар ворид шудааст. Ҳаҷми калонтарини изофанависӣ дар Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Гулистон ва Истаравшан сабт гардидааст.
Моқомти Тоҷикистон чанде пеш ҷазо барои қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ, аз ҷумла дуздии онро сахттар карданд. Ҳоло барои напардохтани маблағи барқи истифодашуда ва ё дуздии он аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Тибқи гуфтаи худи масъулони соҳа, дар давоми як сол 3 ҳазор 800 нафарро барои дуздии барқ ҷарима кардаанд, аммо то ҳол мақомот ошкор нагуфтаанд, ки барои он маъмурони барқ, ки ба изофанавсӣ машғуланд ва ё корхонаҳои бузурге, ки марбути шахсони маъруфанд ва пули барқро намедиҳанд, парвандае боз шудааст ё на.
Дуздӣ ва изофанавии барқ ҳам дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯзҳо аҳолии кишвар аз бебарқии шадид, ки ҳатто дар як шабонарӯз ба 2 ё 3 соат мерасад, ранҷ мекашанд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди такрор ба такрор гуфтани Эмомалӣ, ки “бебарқӣ афсона мешавад”, то рафт сол ба сол барқро камтар медиҳанд. Соли ҷорӣ, ҳатто дар тобистон ҳам дар баъзе навоҳӣ барқ чанд муддате қатъ шуда буд.
