0.9 C
Dushanbe

То соли 2030 сифати интернет дар Тоҷикистон беҳтар мешавад

Ба иттилои мақомоти дахлдори Тоҷикистон, бо қабули стратегияи нав сифати интернет дар Тоҷикистон то соли 2030 беҳтар мешавад.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми январи 2026 дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор кард. Сардори хадамот Исфандиёри Саъдулло дар ин нишаст ба хабарнигорон аз таҳияи “Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2030” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин стратегия ҳадаф дорад, ки то соли 2027 100% фарогирии шабакаи 4G ва то соли 2030 – 100% 5G-ро таъмин кунад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки талабот ба интернет дар 5 соли охир 10 баробар зиёд шуда, мушкилоти сифати он асосан ба алоқаи мобилӣ рабт дорад. Сардори Хадамоти алоқаи кишвар ваъда дод, ки пас аз қабули стратегия сифат ва суръати интернет ба таври куллӣ беҳтар мешавад.

Ин ваъдаҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки сифати кунунии интернет дар Тоҷикистон хеле паст буда, ҳатто ба сатҳи қафомондатарин кишварҳои дунё баробар нест. Тибқи гузоришҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет яке аз ҷойҳои охиринро ишғол мекунад. Масалан, дар шохиси “Speedtest Global Index“, ки моҳи декабри соли 2025 нашр шуд, Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернети собит (fixed broadband) дар байни аз 155 кишвари дунё дар ҷои 124-ум қарор гирифт. Мувофиқи ин шохис, Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳатто дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои суръати пасттарини интернет аст.

Моҳи июли соли 2025 Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ гуфта буд, ки “то 15-уми июл суръати ҳадди ақали интернет 15 Мбит/сония буда, то охири сол ин нишондод то ба 30 Мбит/сония расонида мешавад.” Аммо моҳи декабр, яъне тақрибан 5 моҳ пас аз эълони Хадамоти алоқа, “Global-relocate” дар гузоришаш суръати миёнаи интернетро дар Тоҷикистон ҳамагӣ 8,14 Мбит/сония гуфта буд, ки он дар қатори Судону Афғонистон қарор гирифт.

Мушкилоти интернет дар Тоҷикистон на танҳо суръат, балки нархи он низ аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Гарчанде мақомот мегӯянд, нархи интернет каме арзонтар шудааст, аммо ҳамоно дар радабандиҳои ҷаҳонӣ интернети Тоҷикистон бо вуҷуди пасттарин суръат, гаронтарин интернет ба ҳисоб меравад.

Ба назари коршиносон, агар Хадамоти алоқа тавонад ҳам суръати интернетро боло барад, боз ҳам мушкилоти дигаре вуҷуд дорад, ки дар рушди ин соҳа монеа мегузарад. Аз ҷумла, қатъи барқ яке аз монеаҳои таъсиргузор дар интернет ва суръати он ба шумор меравад. Дар ин шабу рӯзҳое, ки қариб дар тамоми деҳаҳои Тоҷикистон қатъшавии барқ идома дорад ва бархе ноҳияҳо аз 2 то 4 соат барқ доранд, сокинон шикоят мекунанд, ки бо рафтани барқ, интернет ҳам қатъ мегардад ва ё мавҷаш хеле заиф мешавад. Ба назари коршиносон, дар сурати иҷрои 100% стратегияи эълоншуда, боз ҳам қатъшавии барқ беҳтар шудани сифати интернетро дар Тоҷикистон ваъдаи холие беш намедонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Номаи шикоятии гурӯҳе аз фаъолони тоҷик ба ВКХ-и Олмон аз фаъолияти Имомуддин Сатторов

Фаъолиятҳои сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов фаъолони ҷомеаи тоҷики хориҷ аз кишварро нигарон кардааст.

Марги 1623 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар соли 2025

Тибқи иттилои расӣ, дар соли 2025 танҳо тариқи фурудгоҳҳо ҷасади 1623 шаҳрнвад ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Бо вуҷуди эълони коҳиши нарх, мусофирон аз гаронии билетҳо шикоят доранд

Бинобар иттилои Ожонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, дар соли 2025 нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба хориҷи кишвар 25–30 дарсад поён рафтааст.

Қирғизистон барои муҳоҷиронаш аз болои Русия ба додгоҳ шикоят бурд

Қирғизистон алайҳи Русия барои иҷро накардани шартномаҳо ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шикоят бурдааст.