8.9 C
Dushanbe

Боз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми дирӯз байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.

Гуфта мешавад, шоми 29-уми январи соли 2026, тақрибан соати 19:30, дар дидбонгоҳи марзии “Баҳорак”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гурӯҳе аз қочоқбарони афғон ғайриқонунӣ марзи давлатии кишварро убур карданд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, панҷ нафар қочоқбари афғон аз қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд, пас аз анҷоми чорабиниҳои оперативӣ онҳо шиносои мешаванд. Ҳангоми боздошт, қочоқбарон ба фармонҳои нерӯҳои марзбонӣ итоат накарда, бо истифода аз силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд ва кӯшиши бозгашт ба самти Афғонистонро кардаанд. КДАМ афзуда, ки дар натиҷаи оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се қочоқбари афғон кушта шуда, ду анфари дигар фирор кардаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, кушташудагон Ҷовид ва Рашид, писарони Давлатманд, сокинони деҳаи Ворича ва Собир, писари Зоҳир, сокини деҳаи Анҷир аз вулусволии Чахёби вилояти Тахори Афғонистон мебошанд.

Ҳангоми бозрасии ҷои ҳодиса марзбонон се автомати Калашников бо чор тирдон, 150 тир аз калибрҳои гуногун, миқдори зиёди гилзаҳои холӣ, чор халта бо 73 баста маводи мухаддир навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин як қаиқро мусодира карданд.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид карданд, айни ҳол вазъ дар марзи давлатӣ таҳти назорати пурра қарор дорад.

Дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир), 289 (қочоқ), 335 (убури ғайриқонунии марзи давлатӣ) ва 195 (муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки дар чанд моҳи охир даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чаҳор нафар, ки онҳоро «аъзои гурӯҳи террористӣ» номид, кушта шудаанд. Аммо мақомоти Толибон дар Афғонистон иддао карданд, ки ин афрод қочоқбар буданд.

Ҳамчунин рӯзи 24-уми декабри соли гузашта дар ҷараёни як задухӯрди мусаллаҳона дар ҳамин ноҳияи марзӣ ду афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Тоҷикистон он замон хабар доданд, ки се ҳамлагар, ки онҳоро «аъзои ташкилоти террористӣ» муаррифӣ карданд, нобуд шудаанд.

Илова бар ин, дар аввали моҳи декабри соли гузашта дар ду ҳамлаи дигар аз қаламрави Афғонистон дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Чин кушта шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

Дар соли 2025 наздики 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд.

Ваъдаи навбати мақомдорони тоҷик дар бораи лимити барқ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар боридану барфу борон зиёд шавад, лимити барқ камтар мешавад.

3500 тоҷик дар рӯйхати сурхи Интерпол. Оё ҳамаи онҳо ҷинояткоранд?

Мақомоти Тоҷикистон механизмҳои Интерполро асосан барои ҷустуҷӯи мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандони мусалмонаш истифода мебарад, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот надоранд.

Сардори раёсати тандурустии Суғд чаро боздошт шуд?

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд боздошт шудааст. Вале то ҳанӯз маълум нест ӯро кадом ниҳод ва бо кадом гуноҳ боздошт кардаанд.