8.9 C
Dushanbe

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми тирпарронӣ боздошт ва муҳокима мешавад

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ба як зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми тирпарронӣ дар Красноярск боздошт шуда буд, беш аз 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Додситонии вилояти Красноярск парвандаи ҷиноятии як шаҳрванди 33-солаи зодаи Тоҷикистонро ба додгоҳ ирсол кардааст. Ӯ ба авбошӣ бо истифодаи силоҳ ва қасдан расонидани зарар ба саломатии дигарон айбдор мешавад.

Тибқи маълумоти мақомоти тафтишотӣ, ҳодиса баҳори соли 2025 дар назди толори варзишии “Стрела” дар шаҳри Красноярск рух додааст. Айбдоршаванда барои тамошои машқҳои варзишии писараш ба ин толор омада буд. Дар ҳамон рӯз ҷияни ӯ низ бо як дӯсташ барои тамошои машқҳои фарзандонашон ба ин макон ҳозир шудаанд.

Миёни хешовандон муноқишаи дерина авҷ гирифта, онҳо барои равшан кардани муносибат ба кӯча баромадаанд. Дар ҷараёни баҳс айбдоршаванда ба назди мошинаш рафта, таппончаи травматикии тамғаи “Grand Power T12-FM1”-ро гирифта, шаш маротиба ба самти ҷиянаш ва дӯсти ӯ тир холӣ кардааст.

Тирпарронӣ дар маҳалли истиқоматӣ ва дар наздикии иншооти варзишии кӯдакон ба вуқуъ пайвастааст. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар он ҷо кӯдакон ва мураббиён ҳузур доштанд. Пас аз садои тирпарронӣ яке аз мураббиён ба кӯча баромада, силоҳро аз дасти айбдоршаванда гирифтааст. Бо вуҷуди ин, низоъ идома ёфта, миёни хешовандон занозанӣ сар задааст. Дар натиҷа, ҳар ду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд.

Додситонӣ нисбат ба ин зодаи Тоҷикистон бо қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (авбошӣ бо истифодаи силоҳ) ва бандҳои “а”, “д”, “з” қисми 2 моддаи 112 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ аз ангезаҳои авбошона бо истифодаи силоҳ) парванда боз карда буд.

Гуфта мешавад, айбдоршаванда гуноҳашро эътироф карда ва иддао дорад, ки маҷбур шуд “барои дифоъ аз худ” тирпарронӣ кунад. Парванда дар Додгоҳи ноҳияи Советскии шаҳри Красноярск баррасӣ хоҳад шуд. Бар асоси моддаҳои эълоншуда, ин зодаи Тоҷикистонро то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аммо мақомоти тафтишотии Красноярск хабар надодаанд, ки ҷониби дигари даргирӣ бо муттаҳам чӣ наздикӣ дошта, сабаби муноқишаи онҳо чӣ будааст. Ва инчунин оё ӯ ҳам боздошт шудааст ё на маълму нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.

Боздошти як зани тоҷик дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “Салафия”

Дар шаҳри Сухуми Абхазия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2021 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст.