13.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон парвандаи қатли Қобилҷонро зери назорат гирифтааст?

Парвандаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола зери назорати махсус қарор дошттааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар истинод ба Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки Кумитаи тафтишотии ин кишвар дар шаҳри Маскав дар робита ба қатли Қобилҷон бо иттиҳоми одамкушӣ ва суиқасд ба одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда, гумонбарро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ба иддао вазир, ҷониби Русия ваъда додааст, ки дар бораи натиҷаҳои минбаъдаи тафтишот маълумоти изофӣ хоҳад дод.

Ҳоло аълум нест, ки мурофиаи додгоҳӣ кай оғоз мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳам нагуфт, ки волидони Қобилҷон вакили дифоъ доранд ё на.

Аммо ӯ ин фоҷиаро “дарди тамоми мардум” номида гуфт, ки қазия аз рӯзи аввал зери назорати махсуси президенти Тоҷикистон қарор дорад ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ онро пайгирӣ мекунад.

Дар идома Сироҷиддин Муҳриддин иддао кард, ки вазорат дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷир ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия пайваста бо ҷониби Русия дар тамос буда, байни сохторҳои ду кишвар ҳамкорӣ ҷараён дорад. Ва ҳар ҳодисае, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия рух медиҳад, зери назорат гирифта мешавад. Вазир таъкид карда, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва сохторҳои дахлдор барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон чораандешӣ мекунанд.

Ӯ инчунин зикр кард, ки бо вуҷуди баъзе ҳодисаҳои нохуш, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи ҳукуматӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 16-уми декабр, хонандаи синфи 9 бо номи Тимофей ба мактабаш дар шаҳраки Горки-2-и ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав дар тан ҷавшан (бронежилет) ва бо корд ҳамла карда, чанд нафарро теғ мезанад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ хонандаи синфи 4-и ин мактаб Қобилҷони Алиев дар ҷойи ҳодиса бар асари захмҳои амиқ ҷон медиҳад ва посбони ин мактаб захмӣ мешавад.

Ин ҳамлавар, ки пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ медонист аз ҷониби пулис боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, ҳамзамон ӯ тасдиқ кардааст, ки ба ин ҳамла аз пеш омодагӣ медид.

Ҷасади ӯ 18 декабри соли 2025 ба Тоҷикистон оварда шуда, дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супурда шуд.

Пас аз ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниш нишон дода, сафири Русияро дар Душанбе даъват ва ба ӯ нота супорид.

Ҳамчунин Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амният, Умед Бобозода, омбудсмен, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар ва Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар бо ҳамтоёни русашон мулоқот карда, ин ҳамларо, ки дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав сурат гирифтааст, маҳкум кардаанд ва аз мақомоти Русия хостаанд ин ҳодиса одилона ва ҳаматарафа таҳқиқ шавад.

Пас як ҳафтаи ин ҳодиса Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қатли бераҳмонаи навраси 10-солаи тоҷик изҳори тасаллият намуда буд.

Ин ҳодиса, ки ҳатто дар раонаҳои ҷаҳонӣ пахшу нашр гардид вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто хориҷиён ба миён оварда, варзишгарону блогерони шинохтае мисли Ҳабиб Нурмагамедов, Магомед Исмаилов, Асҳаб Тамаев, Артем Карокоз (Каха) ва садҳои чеҳраҳои шинохтаи дигар онро маҳкум кардаанд.

Мухолифон ҳам дар хориҷ аз кишвар кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро муқассир хондаанд. Ва суҳбати мақомдорони тоҷикро бо ҳамтоёни русашон ва супоридани нотаро нокифоя хонда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд амалҳои ҷиддитареро барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо, ба мисли бозхондани сафири Тоҷикистон аз Русия ва рондани сафири Русия аз кишвар ва бастани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, анҷом диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.