Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Зафари Сӯфӣ, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” рӯзи 9-уми феврал дар саҳфаи фейсбукиаш навишт, ки писари бузургаш 18-уми январи соли ҷорӣ ба дидани ҳамсар ва гузарондани моҳи асал ба Ереван рафт, аммо ғайриинтизор дар фурудгоҳ боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Бобосӯфӣ Рауфиро бо иттиҳоми “узвият дар созмонҳои мамнуъ”, яъне моддаи 307 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, ки аксар мунтақидони режимро ба ин банд муттаҳам мекунанд, дар ҷустуҷӯ қарор дода будааст.

Худи Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ки писараш ҳеч ҷурмеро муртакиб нашудааст ва “танҳо далели роҳ андохтани ин фитна фарзанди ман будан ва безорияш аз худкомагӣ буду ҳаст”.

“Дар хонаводаи мо як усуле побарҷост, ки огоҳона ба ҳеч гурӯҳе узв намешавем. Ҳадди ақал то имрӯз ин усул риоят шудаву мешавад. Аммо ҳамеша дар тарафи адолат ва ҳамроҳи афроде будему ҳастем, ки новобаста аз узв ё тарафдори кадом ҳизбу гурӯҳ буданашон, аз мардумсолорӣ, ростиву дурустӣ ва каромату шарофат ва ҳуқуқи инсон пуштибонӣ мекунанд,” – навиштааст Зафари Сӯфӣ дар саҳфаи фейсбукиаш.

Ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд, писараш Бобосӯфӣ бо фишор ва талоши созмони Helsinki Citizens’ Assembly Vanadzor дар Ереван ва кормандони сафорати Фаронса дар Арманистон рӯзи 7-уми феврал раҳо шуд ва ба иттилои ӯ, Бобосӯфӣ Рауфӣ ҳафтуми феврал раҳо шуд ва ба Аврупо баргашт.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 низ алайҳи Бобосӯфӣ Рауфии 32-сола бар асоси моддаи 207 (қисми 2)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ” парванда боз карда, таҳти пайгард қарор дода буданд.

Бояд гуфт, дар як соли охир ин бори дувум аст, ки зодагони Тоҷикистон бо дархости Душанбе дар марзи Арманистон боздошт мешаванд. Моҳи августи соли 2025 Исмоил Холов, узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар сарҳади ин кишвар дастгир ва дертар озод шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.