9.9 C
Dushanbe

Раиси КДАМ-и Қирғизистон аз мансабаш барканор шуд

Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон, ки дар баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур дошт, аз мансабаш барканор шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов 10-уми феврал бо судури фармони махсус Қамчибек Тошиевро аз вазифаҳои муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) озод кард.

Дар шарҳи ин хабар расонаҳои қирғизӣ аз қавли Ҷабборов навиштанд, ки ӯ гуфтааст: “Ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”

Аммо баъдтар сухангӯи расисҷумҳур Аскат Алагозов ба расонаҳо шарҳ дод, ки суханони президент Собир Ҷаббаров дар бораи “пешгирӣ аз тафриқа дар ҷомеа” ба Камчибек Тошиев рабте надоранд. Ба гуфтаи ӯ, “сухан дар бораи амалҳои афроди алоҳидае буд, ки бо пинҳон кардани номи Камчибек Тошиев ба вакилони парлумон (Жогорку Кенеш) ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ занг мезаданд ва онҳоро ба қабули қарорҳои гуногун водор месохтанд. Ин метавонист ба шиддат дар дохили парлумон ва сохторҳои давлатӣ мушкилсоз шавад.”

Тошиев, ки аз моҳи октябри соли 2020 ин вазифаҳоро ишғол мекард, ҳамчун шахсияти калидӣ дар ҳукумати Ҷабборов шинохта мешуд. Барканории ӯ, ки ҳамчун дӯст ва ҳампаймони деринаи Ҷабборов дониста мешавад, тахмину гумонзаниҳои зиёдеро дар байни ҷомеа ба вуҷуд оварда, аз вуҷуди халалу нофаҳмиҳо миёни элитаи сиёсии Қирғизистон дарак медиҳад. Гуфта мешавад, ин тасмим метавонад нишонаи тағйироти калонтар дар элитаи ҳокими Қирғизистон бошад.

Ба иттилои расонаҳо, ҳангоми судури фармон Тошиев барои табобат дар Олмон қарор доштааст ва гӯё ин хабар барои ӯ ногаҳонӣ будааст. Баъзе расонаҳо гузориш медиҳанд, ки ӯ ду рӯз пеш аз Қирғизистон баромада буд ва эҳтимолан аз ин тасмим огоҳ набудааст. Ҳамзамон бо барканории Тошиев, президенти Қирғизистон чанд муовини ӯ, аз ҷумла Курбанбек Авазов, Даниэл Рисалиев ва Элизар Смановро низ аз вазифаҳояшон озод кардааст.

Мувофиқи хабарҳои нашршуда, ҳоло ба ҷои Тошиев, Ҷумгалбек Шабданбеков, ки пештар муовини раиси КДАМ ва сардори Хадамоти 9-уми ин кумита буд, ба ҳайси иҷрокунандаи вазифа раиси КДАМ таъйин гардидааст.

Ба назари таҳлилгарон, ин тағйирот дар ҳоле сурат мегиранд, ки чанде пеш худи Тошиев аз номзад шуданаш дар интихоботи президентии оянда хабар дода буд. Ва ҳамчунин дар Қирғизистон танишҳои сиёсӣ байни элитаи ҳоким афзудааст ва овозаҳо дар бораи барканории дигар мақомҳои баландпоя, аз ҷумла раиси парламент низ паҳн мешаванд.

Коршиносони сиёсӣ ин ҳодисаро ҳамчун нишонаи таҳкими қудрат дар дасти як шахс ва он ҳам бошад, Собир Ҷабборов арзёбӣ мекунанд. Тошиев, ки дар инқилоби соли 2020 дар паҳлуи Ҷабборов фаъол буд, акнун метавонад ба ҳайси мухолиф пайдо шавад, ҳарчанд ҳанӯз изҳороти расмии ӯ дастрас нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз қонуни нав: Шароити муҳоҷирон дар Русия душвортар мегардад?

Шароити будубоши муҳоҷирон дар Русия дар пасманзари қабули пайдарпайи қонунҳои нав сахттар мешавад.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боз чӣ гузашт?

Қочоқбарони афғон боз марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда, бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон даргир шудаанд.

Оғози моҳи шарифи Рамазон маълум шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 10-уми феврал пас аз нишасти худ расман оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард.

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.