7.9 C
Dushanbe

Раҳимзода: Ҷиноятҳои террористӣ афзоиш ёфтаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҷиноятҳои террористӣ хабар дод.

Дар ҷараёни нишаст Рамазон Раҳимзода аз натиҷаҳои умумии фаъолияти Вазорати корҳои дохилии кишвар (ВКД) дар соли 2025 гузориш дод. Ӯ зимни ироаи оморҳо, иддаои кард, ки соли гузашта 1422 ҷинояти марбут ба терроризм ва экстремизм дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба ин навъи ҷиноят 501 гумонбар, ки ба хориҷ аз кишвар фирор карда буданд, ба Тоҷикистон баргардониданд.

Инчунин дар ҳамин давра 12 оилаи иборат аз 63 нафар, ба иддаои вазир, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваста будаанд, ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Дар идома Раҳимзода гуфт, ки 105 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд дар хориҷ боздошт ва ба кишвар баргардондаанд. Ва дар дохили кишвар сохторҳои қудратӣ 348 нафарро, ки 153 нафарашон ҷавонон мебошанд, бо ҳамин иттиҳом боздошт кардаанд.

Дар ин нишаст Ҳотамзода Саидаҳтам, раҳбари Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД низ дар бораи баргардондани аъзои гурӯҳҳои террористӣ омореро ироа кард, аммо дар наворҳои нашршуда садояш шунида намешуд.

Вазири корҳои дохилӣ сабаби шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба “таълими ғайриқонунии динии сокинон” дар назди муллоҳо ва бегонапарастӣ рабт дода, гуфт, ки дар соли гузашта 308 ҷавон ва 149 ноболиғро ошкор кардаанд, ки ба чунин дарсҳо ҷалб шуда буданд ва нисбаташон чораҷӯӣ карда шуд.

Дар умум, ба гуфтаи намояндагони ВКД, беш аз 6 ҳазору 700 ҷинояткор бо иттиҳомоти гуногун дар ҷустуҷӯ карор дошта, аз ин теъдод беш аз 2 ҳазор 600 тан дастгир шуданд, ки 835 нафарашон дар хориҷи кишвар дастгир карда ва ба ҷумҳурӣ оварда шудаанд. Ин омор дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии моҳи августи соли 2025 гуфта буд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2025 беш аз 7500 нафар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Дар нишасти имрӯза ба фарқ аз нишасти моҳи августи соли 2025, вазир аз ҳолатҳои кӯшиши анҷом додани ҳамлаи террористӣ дар дохили кишвар ва маблағгузории фаъолияти террористӣ чизе нагуфт. Ӯ дар нишасти гузашта гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду кӯшиши анҷом додани ҳамлаи террористиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат пешгирӣ кардаанд. Вале вазир нагуфта буд, кадом гурӯҳ чӣ кореро мехостаанд анҷом диҳанд.

Ҳамчунин ӯ он замон аз ошкор намудани 162 ҳолати маблағгузории фаъолияти террористӣ гуфта буд, ки бо ин иттиҳом 51 нафарро боздошт карда буданд.

Раҳимзода он замон нагуфта буд, ки маблағҳо ба куҷо фиристода мешуданд, вале иддао кард, ки шаҳрвандони камбизоат ва фирефташуда пули охирини худро ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Аврупо ва дигар кишварҳо мефиристанд ва аъзои гурӯҳҳои “террористӣ” бо ин маблағ зиндагии бошукуҳ мекардаанд.

Дар ҳоле мақомоти Тоҷикистон ҳамасола аз мубориза бо терроризму боздошти аъзои гурӯҳҳои ифротӣ мегӯянд, ки бисёре аз боздоштшудаҳо аъзои гурӯҳҳои мухолифон мебошанд. Ҳуқуқшиносону коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи муборизаи бо терроризму ифротгароӣ, асосан фаъолони фаъолони динӣ ва мухолифони сиёсии ҳукуматро боздошту зиндонӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро вазири адлия аз посух ба суолҳо дар бораи зиндонҳо худдорӣ мекунад?

Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷавоб додан ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зиндонҳо худдорӣ кард.

Бар асари тирандозӣ дар як мактаб 9 нафар кушта шуд

Дар як ҳодисаи тирандозӣ дар мактаби миёнае дар Канада 9 нафар кушта шуда, дасти кам 25 каси дигар захмӣ шудааст.

Имсол ҳам Тоҷикистони фасодзадатарин кишвар шинохта шуд

Тоҷикистон дар соли 2025 дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтааст.

Эълоне, ки қаблан собиқа надошт. Оё вокуниши мухолифон ҳукуматро нигарон кард?

Барои бори аввал аст, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз мулоқоту барномаҳои ояндаи Эмомалӣ Раҳмон маълумот нашр мекунанд.